МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Уруҷи ақл дар парвариши як маҷнунист, ки ба рўҳаш танида табодул ба яктоии Лайло.
Ва аз биёбон нигоҳаш дарё меғозад1 бо ҳаллоҷии пунбаи кафк ва мавҷхези Аналҳақу рақси остинафшони гирдоб.
Ва яке ҷаҳиш аз таркиши хаймаи ҳубоб, яке фурўд ба марзи афрўзиш аз хуршедии ваҳдати вожа2.
Аммо ман куҷову он кўи рушано, бо ин ҳама кўкшавӣ ба резбори сонияҳо ва тик-тики соат, ки мечакад аз токи вақт шираи зистро.
Лоҷарам, мўя ресам ва чархофалак кунам фалакро бо сози Фалак, к-эй бедарак!
Эй, пур аз осмони фурўҳишта бар ғуруб!
1 Ғозидан – бо нўки ангуштон нарму маҳин кардани пашм ё пунба.
«Ҳаллоҷӣ» амали ғозидани пашм ё пунба бо дастгоҳи махсус аст.
2 Ишора ба «ло илоҳа иллаллоҳ».
Кай меойӣ?
Ки аз ин кўчаҳои ба ҳам гираҳзада бирасониям ба лабханди гўрҳо.
Он ҷо гулхорҳо шукуфтаанд маргро бо бўсаву наҷво.
Эй ҳинобастаи ҳайрат ба дасу пои маҳтоб!
Биёву кўкам зан ба гулдўзии чакани субҳ,
ва гулбандаҳои1 ҳамешаарўсият!
Биёву рангам деҳ дар шафақи лайлойӣ, нозбўйӣ кун ҳаваси маргбўйиамро бо шукуфти яктойӣ!
Биё, бибўямат, эй шабаат2 аз донаҳои ҳиси вағнич, ки марг бўйидани гул аст!
2-2008
1 Гулбанда – пироҳани арўсии гулдўзишуда аз парниёни сапед, ки дар Бухоро маъмул будааст.
2Шаба – овезаи гардан ё шадда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо