МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ҶЕҒИ ДИГАР
Ашк танидам ба қомате аз мармари сапедаҳо ва сукут чакидам ба пойи гуле хушбўтар аз ҳама маъшуқи дунё.
Ман ишқи бўгин аз васвасаи гуликукнорчашмонро регшў кардам чиҳил бор, то сапедабол шуду пар кашид ба ҷангали фароҳис.
Баъд, бўи кокутии ҷеғаш омад:
эй ҳайрати шикаста дар ойинаи об!
чӣ суд мар туро аз он солҳои дардманд, ки барои табассумат як сония ҷудо накардаанд мисли сарқонун, ки ба ҳадди як барг фасле надорад аз ишқ?!
Биё, як чаман нигоҳ ёфтаем дар сапедабези дараи Чамч, бо мижаҳое аз сўзанбаргу мардумакҳое аз шилшилаи нигини вағнич.
Ин ҷо дар хушбўии субҳ аз як баргвожаи имои настаран чандин маънии пич-пич меёбӣ бо маъшуқе марямӣ аз сапедаву об.
Ба роҳ афтодам бо рес-реси чакочаки сиришк то мармари он қомат, то лағзишу фурўрез ба ноби он яктойӣ.
8-2008
«ҶЕҒИ БУНАФШ1»
Ба дўстам Муҳаммадалии Аҷамӣ,
шоири навгаро
Аҷамӣ!
Иҷоза деҳ хаёл кунам ва бияфшонам хаёл ба шаффофтарин висоли шабнаму барг ва пич – пичи насим ба гўши бунафшаҳо.
Бояст
бо нахи сиришк
мавҷдўзӣ кунам
сапедадами даври домани ёрро,
1 Ҷеғи бунафш – ибораест аз шоири навгаро Ҳушанги Иронӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо