Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

то дар зулоли ҳайратам шино кунад бунафш – бунафш шукуфаҳои лайлойӣ.

Аҷамӣ!
Эй барг – барги роз ва реша – реша ниёз!
Ишқҳои пуффакии ин дунё ҳама таркид ва сад ҳазор маъшуқа аз мо гурехт!
Танҳо яке монд, ки Ўст яктотарин!

Ҳолиё дар фосилае миёни милёнҳо соли нур ҷеғи бунафш мезанам мар – ўро аз фаросўи нурҳои фаробунафш1 то посухам диҳад бунафшу муаттарам кунад бо накҳате бунафш.

Аҷамӣ!
Иҷоза деҳ бихаёлам ва биҷеғам он шукуфаи нурро аз гулбоғи зуҳур.
Шояд

1 Фаробунафш – ултрабунафш.
бо баргае аз даъвати бунафш бихонадам ба шаффофтарин висоле, ки бўйи бунафша мекунад.
2011

МУБТАЛОЙӢ

Пойбастем дар ин бойист ба ду тавон; яке ҷозибаи тан, дигаре ҷозибаи ҷон; яке кашанда ба хок, дигаре ба афлок.

12-2006

ЧАМАНИ БОВАР

Ман як чаман боварам.
Ту биё поварчину поварчин1 ва аз чамании ман гули бовар чин.

12- 2006

1 Поварчин – роҳравии оҳиста, ки садои по шунида нашавад.

пешина
аз 264
навбатӣ