Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РАНГРЎЯ

Насим навасон1 метанад дар нўгшохаҳо, соя пар – пари гулбарг мересад.
Ман ожангҳои кундаи заранг ва шахсанги сукутро дар худ гулдўзӣ мекунам.

Зиндагӣ ранг мебофад
дар ҳисҳои решабаста ба махмали гулсанг,
дар чак – чаки боронии чашми нозбў,
дар хаёли овеза аз ғози мўяк – мўяки баҳор2.

Аммо зиндагӣ дигар рангбозие дорад, ки намегунҷам дар бояду шоядҳо, тоби зист надорам дар чӣ бояд карду набояд кард.
Дилам гум мезанад, ман бошаму санҷоқак ва паридан рў – рўи нахи мизон3, то тамрин кунам убур аз пули сиротро.

Дигар
хоҳ бошаму хоҳ не

1 Навасон – ҷунбидан ё алвонҷ хўрдани чизе дар ҷои худ.
2 Мўяк - мўяки баҳор – навъе шуллук, ки ду шохи чун мўй борике дорад.
3 Нахи мизон – нахҳои ҳамонанд ба тори анкабут, ки дар фазои мазореъ ва боғҳо сабук ҳаракат мекунанд.
дар миёни шумо, эй минбарҳои лоф, ва кафкўбиҳои пурмавҷ!
Ки зиндагӣ ранг бастааст дар мани мағорбаста ба пўпаки нигоҳи ситораҳо ва кайфи аҷибе, ки дарун ба даруни танҳойиям пур аз Худост.
2- 2010

ГУНҶИШК

Дилам гунҷишк шудааст...
Акнун ману чиқ – чиқи ишқ ва нафас – нафас дилҳура ба ёди рафтае, ки вожаи дил метапад дар номаш.

Дилам гунҷишк шудааст...
Бирав эй абр, онсўтар!
Чирик – чирикам тар шуд дар таги борон!
Маро ба худ бигзор, нути оҳанги гиряҳои гунҷишкона биёвезам дар торҳои навозиши хуршед.

Дилам гунҷишк шудааст ба ҳавойи пар - пар задан дар шукуфаҳои лабханди паркашидае, ки равзаи кабутарони фасли ёҳуро муаттар мекард.

Дилам гунҷишк шудааст,
гунҷишк, ки нўл мезанад танҳойиро ва чиқ –чиқи парешонӣ мечакад ба гўши сукут.

пешина
аз 264
навбатӣ