Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дилам гунҷишк шудааст...

4-2010

ХОК ВА ИНСОН

Хокам ба даҳон!
Ғизо
ҳама аз хок,
чи нон,
чи шир,
чи ангуру нок.

Моем дар истисмори хок бегона аз имсок1.

Шояд созиш буд дар зиёфате бонавбат?

Аммо хокам ба даҳон!
Инсон ҷуз мурдаи худ чӣ тўъмае дорад, ки диҳад ба хок?

7- 2008

1 Имсок – бозистодан, худдорӣ аз хўрдани ғизо.
БАРГРЕЗ

Гуфтам:
бод меояд ,
баргурез,
эй баргрез!

Гуфт:
ҷонам фидош, бод аст, ки баргрезам!
Варна чиям? – ҷуз фасли гурез аз бодбаракии дунё.

8- 2008

ҚИССА

Чӣ шуд, чӣ нашуд, намедонам.
Хаёлам фасли гул буд, ки печид маро ба ҳалқаи гулҳои рақсон дар рестуроне пур аз маст.

Гулбоди хурўш вазид бо ҳаёҳуи бирақс, бирақс, эй дарвеш!

Лоилоҷ
як печ задам,
ба сарам пул рехт, ду печ задам, ба сарам пул рехт.
Печи саввум чархофалакам карду биандохт бурун ба оғўши як боғ ақоқиё...

Баъд, чи шуд, чи нашуд, ки яке бўи намурдан ба машомам расид ва дарёфтам, кайфи аҷибе дорад орамидан дар кафане аз ҳарири гулҳо.
Хостам барнахезам аз бағали хушбўи марг, аммо бод омаду боғро табдил дод ба як рестурони пур аз маст.

Садо хест аз дарахтон:
бархезу бирақс, бирақс, эй дарвеш!

Сари по шудам
лоилоҷ,
ва як печ задам
гул ба сарам рехт, ду печ задам, гул ба сарам рехт.

пешина
аз 264
навбатӣ