Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Печи саввум чархофалакам карду биандохт аз боғ бурун...

Баъд, чӣ шуд, чӣ нашуд, намедонам.
Фақат бў бурдам, ки заргўштар аз як заргўшам дар гурехтан аз уллоси гургии бирақс, бирақс, эй дарвеш!

3- 2008

ОВОЗАНДОЗ

Рафт, аз ин як бори омаду рафт, он саҷдамасти кабутаринбол ва ёсуминхиёл, ки зеҳнамро бо пар-пари «ё Ҳу» хушбў мекард.

Рафт бо овозандоз; ки эй буди нобуд ва худи андар худ Бадруд!
Ки моем ку-ку гўяки кўи «ё Ҳу»
ва су-су1 ҷўяки сўи Бесў2.
2-/2008

КАШФ

Ва ин дарк меангорадам, ки зистаам ҳазорон ҳуҷайраро.

Ва ин ҳис меангезадам, ки манам на ман, бал ҳосили тапиш дар рўҳресу равонбофти хилқат.

Ва ин кашф мепарвосадам3 ки оё на туйӣ, эй калобаи нахи ҷони ҳуҷайраҳо, ки мечархӣ дар дўки аҷузи подарлабигўре бо номи «Дунё»?!
8-/2008

1 Су-су – озарахш, милт-милт.
2 Бесў – ишора ба Ҳақ.
3 Парвосидан – даст расонида чизеро ҳис кардан; пармосидан.

пешина
аз 264
навбатӣ