Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧАМАНИ ЛОЛАСАНГҲО

Розвораи Муҳаммад-ад-дура –
писарбачаи шаҳид дар Фаластин

Хоҳарам!
Бедиранг бичин санг, санг, ки сангу фалохан1 бувад омода бар ҷанг!

Бояд нишон дод Дастосангу2 бартарӣ аз танк ва поёйӣ дар инфиҷори гулўлаҳо.

Хоҳарам!
Санг бичин, ки санг аст силоҳи муҷоҳидат алайҳи иблис ва ҷиҳоди мост фаризае аз ҳаҷ.

Хоҳарам!
Ин покбум гулбуни паёмбарист бо накҳати шуҳуд ва ин ҳама тапиш фароянде аз иброҳимист, ки зистанро шукуфтаем дар ҳалқаи ҳариқ.

1 Фалохан – фалахмон.
2 Дастосанг – фалахмон.
Мо нафас – нафас мўъҷизаро таҷриба мекунем.
Ва ин чармаи сангандоз ёдгори кафи Мўсо (ъ) ва рагбори санг одурахши яди байзост.

Хоҳарам!
Мўъҷиза дар пар-пари сангселаҳо ба ҷои парандаҳои фирорӣ бол мезанад.
Магар мўъҷиза нест, ки онон саросар кулаҳхудпўшанду ғарқ дар силоҳ, аммо кулоҳи мо осмон асту силоҳи мо «Аллоҳу акбар», ва ҷиҳод бо шеваи сангсори шайтанате, ки мехоҳад садои гўсола ояд аз Ҳарими Қудс ба ҷои азон.

Хоҳарам!
Фаластин чамани субҳе дамида аз лоласангҳост ва шукуфаҳои мардумак бо ҳазорон чашмаи шафақ.

Инак
мебинам шафақ ба сони аспи хунчакони имом Ҳусайн (ъ) шиҳа мекашад дар остони саропардаи сапеда ва току зайтун печ зада ба ёлаш чун дастони ҳазрати Зайнаб (раз.).

пешина
аз 264
навбатӣ