МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Хоҳарам!
Бархез, ту ҳам овеза шав ба гардани асп, хуноба бирез дар сўги мавло, ки набарди Фаластин идомаи оварди1 ўст.
Хоҳарам!
Пас аз ман озодӣ мерасад ва ҳусайнгунагӣ меояд ба сурати ҳумое аз биҳишт дар гулборони пирўзии Фаластин.
Ту он рўз бо азони тўпсалом ба ҷои ман бархон иқомаи намози ҷамоати зайтунҳоро ва ба ҳаво барандоз дафтари алифбоямро, ки пар-пар занад ба ҷои кабутарҳо.
2006
1 Овард – набард, пайкор.
ШЕЪРИ АШК
Ба ёди устод Абдулманнони Насриддин
– донишманди маъруфи тоҷик
Табассумат гоҳ-гоҳ аз паси шабакаҳои тасаввур бо болҳое аз фурӯғ гулпаракзор мекунад гулбоғи мардумаки чашмонамро ва аз паси пилкҳои сапедадам сиришкро мечакад сапед дар раҳгузори сапедсароён ба дидори маъшуқ.
Эй абарсолори қофилаи хати райҳонӣ!
Фаро бихон маро ба гулафшонгоҳи малакут, то шеъри ашкро гулпарак кунам бо болҳое аз фурӯғ дар биҳиштии чаман-чаман табассумат.
Хуҷанд, 15-10-2011

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо