МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ДОНИШГОҲИ ГУЛИ
БЎЙИ МОДАРОН
Дуруд ҷангалро!
Ки санавбарнигоҳаш будаму мижа ба чашми хуршед ва рўшаноро зеб медодам бо рангбасти шохаву барг.
Ҷангал буд, ки бо шабоҳате фарҳангистонӣ ҳазорон саҳфаи гулбаргро ороя мебаст гуна-гуна дар гўяҳои лабсангии чашма.
Ҷангал буд, ки ҳаваси таҳвожачинӣ дар дилам бишкуфт.
Пас омаданд тўтиёни сухангўи донишманд ва имтиҳонам карданд аз торихи корномаи ҳудҳуд дар аҳди паямбарии ҳазрати Сулаймон (ъ) ва аз ҳандасаи парвози фараштурукҳо.
Баъд сапедаи таҳсил дамид аз ситеғи бурҷи кафтархез.
Ману селае соҷ аз қаламрави анбўҳи коҷ дар толоре аз пуккоки бурси ҳазорсола сабзомўзи вожаи «ишқ»
дар донишгоҳи Гули бўйи модарон будем.
Ғазали чаҳ-чаҳ мехондему муноҷоти «ё-Ҳу»
ва шатҳиёти «ё Раб!»…
Маҳфиле ҳам буд мисли ях шоха зира, ки насим оя мебезид бо бўйи ҳулбў, об сура-сура сано мевожид ба офаридгори нози нозбў.
Ҳавасҳо буд настарангуна, хиёлҳо – чаман-чаман бобуна.
Ақл вузў мегирифт аз ҷилои сангрезаҳои таги чашма, ҳис ба риштаи тасбеҳ мекашид чароғаки шабнамро.
Баъд фаро расид таҳсили парпарзанӣ ба гирди эҳсоси Гули фонўсии1 калима ва сабзосабзи вожидан ба лаҳҷаи Гули Марям.
Он ҷо
овошукуфт мешудем
дар ҳамовез
ба шабаҳои арғувонии гули ревоҷ,
1 Гули фонўсӣ – гулест бо номи лотинии Lappula laevigatum.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо