Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

дар ғазаловез ба пўпакҳои Пардаарўсаки лаби ҷў, дар гўшонарез ба гўшвораҳои Гули зангула1, ки занги охирин мезад дар ҳамойиши гулафшони падруд ба сари дастпарварони донишгоҳи Гули бўйи модарон.

Ва дуруд ҷангалро!
Ки мар-ин порсӣ биёрост бо таҳбисоте аз гулвожаҳои биҳиштӣ ва овонигоште муаттар аз гулшукуфти каломи Ҳақ.

1-2012

БОРБАДОСОР

Эҳдо ба Афзалшоҳи Шодӣ – овозхон
ва ромишгари номвари тоҷик

Вақте сурудат бол мезанад дар уфуқи арчаҳои баланд, хаёли лабрезам аз лаҳзаҳои шукуфти гули бодом овеза мекунад овозатро ба гесӯи шабу маҳтоб.

1 Гули зангўла – гиёҳест аз тираи паниракиён, ки онро абутилони Ибни Сино ё шаҷаратулмулук низ гўянд.
Он гоҳ қуфли дарвозаи шашҷиҳат боз мешавад бо калиди «Шашмақом»
ва саропардаҳои фалакро синахурӯшат садопарда мекунад.

Вақте сӯгвораи ҷудойии Самарқанду Бухоро аз меҳанатро мӯярез мекунӣ дар найнаво, мунгаҳои сари гаҳворагии бонувони Суғд печ мезанад ба навҳаи модарии миллат, чунон ки шевани Таҳмина дар сӯги Сӯҳроб.

Эй Накисои муосир!
Туйӣ, ки боре аз шеъри сапед субҳи оҳанг бардамидӣ бо пар-пари кабӯтарони сапедсавт ва авҷи наво печидӣ ба авҷи кибриё, дар онгунае, ки мерехт қатра-қатра ашки нуриён ба сурати борон.

Ва эй, борбадосор!

пешина
аз 264
навбатӣ