Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ту то таронаи бод қаламрави рӯҳи ман аст!
Бисаро дар ин масир, то бишнавам бо гӯши набз, ҳис ва идрок.

Бисаро, то пур аз овозат шавам ба ҷониби Худо.

5- 2012

ДАР ХИЁБОНИ
МУҲАММАДЗАМОНИ СОЛЕҲ

Гашт мезадам хиёбони Муҳаммадзамони Солеҳро дар шаҳре, ки девори Хуросон ба гирдаш печида.

Ҳалқаи фонусии баногўши сарвҳо ишқро ғазалмаст менамуд бо рақси нуру шамоли боли чилчилаҳо.

Гашт мезадам то лаби фавворае, ки аз су-суи фурӯзонакҳош гулоби ашк мечакид.

Он ҷо нигоҳе тулўъ мебофид аз нахи нури чашмоне ориёйӣ ва меоганид хиёбонро ба бомдоде муаттар аз «бўйи ҷўйи Мўлиён».

Яке ҷеғ печид ба нашнидан:
эй Доро!
Бубахш, дигар натавонистам рафтан, то табобат кунам гўшҳоятро; зеро муҳити хоркори қареҳа ва оҷиз аз шинохти нубуғ сафарнасибам кард ба наёмадан.
Акнун дар ин фаросўҳо ҳазинае надорам, ки баргардам.
Ҳатто зангҳои ризвонии маро мобилҳои вавилонии шумо намепазиранд.

Гуфтамаш:
ай шойиста ба бойистаҳои биҳиштӣ!
Инсўтарҳои фонӣ намеарзад ба ним қадами вопасрафт.
Биёсой дар осудан, ки мо худ рўзе мерасем ба дидорат.

Ҳолиё
ирсол медорам
ба ҷои занги тилфунӣ
оя-оя ҳадя аз каломи Худо.

пешина
аз 264
навбатӣ