МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Табассумиду шодгуна ғурубид ба оғўши тулўъ.
Хиёбон осмондара шуд зангўлаҳои фонўсии баногўши сарвҳо ситоравор чархиданд дар ҳалқаи рақси сўфиёнаи ману чилчилаҳо ва шапалакҳои рўҳи Муҳаммадзамони Солеҳ.
1-2012.
СУКУТ ВА ЧАКЧАК
Чакчаки шифт хаёли сукутро гулўлаборон кард.
Хаёл гурехт, сукут яке барошуфт:
-- кист, ки маро ба ҷунбиш табдил дод?!
Садое расид ларзонак:
бубахш, ҷаноби сукут, ин ман, хешованди чакчаки бомҳои Сари осиё.
Паёме овардам намзада чун дару девор, хамзада ба сони болор.
Дирўз мардумсолорӣ дар интихобот шуд пирўз ва мағори шибдорҳову пупанаки порисаҳо рой доданд якдилона ба узвияти худат
дар раёсати кулбаву қаср.
Он ҷо толорест чу як чаман гули ёс, ки нишаста рўйи курсии нарм ба ҷавлон меорӣ ҳузури сукути кулбаҳоро дар иҷлос; ва хобҳои рангин мебинӣ аз шукуфти баланди гулҳои қаср дар иҳотаи буттаҳои пастаки кулба.
Сукут бо хамёза бадар овард гуфтанро аз шабакаи парсинги лабон:
-- хуш омадӣ, чакчаки ҷон, бе ту ҳайкали ток будам гарданкаҷу шохшикаста; ва шираи сония мечакид аз соати дил.
Аммо ман куҷову раёсат!
Он ҷо ҳастанд афроде, ки дар сукутварзӣ маро ба як нўл мезананд…
Онон сукуташон сиёсӣ, яъне, дору мадорҳо дар пинаки фикр.
Ман сукутам қиёсӣ яъне, аҷз то кибриё дар ченаки зикр.
Онону сукути ораста ба оҳанги «Чакомаи гесў», Ману сукути побаста ба фарҳанги чакомаи Бесў.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо