МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Онону навасонии сукут дар нўги овезаи мансаб.
Ману устувонии сукут дар жарфои зикри «ё Раб!».
Эй!
Куҷо шудӣ, чакчак!
Садо омад ларзонак:
-- борон монд…
Худо ҳофиз, сукути азиз!
2-2012
ТАҶЛИЛИ ИШҚ
Биё равем сар-сари ёлаҳо ба ҷустори ҳаждаҳ соли қабл ва лаҳзаҳое аз шапалаку гули биҳӣ.
Табассумат дар он чигунагӣ гулибиҳиранг буду ишқ гулпараки бўсамаст.
Биё равем сар-сари ёлаҳо то сапедадами гулҳои биҳӣ ва таҷлил кунем ҳаждаҳсолагии ишқро бо гулафшони боли гулпаракҳо.
2-2012
ВУЗЎҲ
Чӣ шабе,
Ки дуртарин фонусро Фатила буд попечи обшор.
Чӣ шабе, ки хаёлам мепечид гули ҳазорон мардумакро, ва ойинаҳои барги шукуфтанам буд дар покшӯи сароҳате, ки субҳ аз шабнами мижгонам дамонд, ва сапеда аз решаи дилам рӯёнд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо