Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар айвони дили ман лонае мон,
Ки омолат парастам, эй парасту.

Миёни мову ў – кўҳи қатора,
Миёни мову ў – моҳу ситора,
Миёни мову ў – чашми тари абр,
Миёни мову ў – барқи назора.

Зи ҷон дорам тавалло, эй Зулайхо,
Бишав дорои Доро, эй Зулайхо,
Шабе дар юсуфистони канорат
Варо ҳам ҷой бинмо, эй Зулайхо.

Ало эй Тоҷикистон, сарзаминам,
Душанбе шуд арўси нозанинам,
Чу холи ёр гарчи дар харита
Самарқанду Бухороят набинам.

Басо нопок аз покӣ билофад,
Басо нокас дурўғи ёрӣ бофад,
Бихонад хешро устои дилбанд
Касе ки чўби дилҳоро шикофад.

Дар ин дунёи будаш пур зи нобуд,
Дар ин дунёи нобудаш пур аз буд,
Басе ранҷ оварад ганҷи фузунат,
Басе ганҷат бубахшад ранҷи бесуд.

Касе, ки дар ҷаҳон дороӣ кобад,
Фузунтар аз тани сиҳат наёбад,
Саломат гар наӣ, ганҷи бузургат
Ба чашмат ранги хору хас битобад.

Манам бе танги зови танг дилтанг,
Манам бе ҳанги дарёбор беҳанг,
Манам сарпаст умре бе сари кўҳ,
Манам сарсахт умре бе сари санг.

пешина
аз 264
навбатӣ