Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дубайтӣ бар тани мо ҷон дарорад,
Ки он ҷонро ба он ҷонон супорад,
Дубайтиву азоби ишқи ҷонон
Дамодам аз тани мо ҷон барорад.

Аҷаб дунёст дунёи дили ман,
Пур аз дарёст дунёи дили ман,
Пур аз дарёи пуршўру пурошўб,
Пур аз ғавғост дунёи дили ман.

Басо оташ асири дуд буда,
Чу саркаш бастаи нобуд буда,
Ба зери ин самои пур зи пархош
Басо Фирдавсию Маҳмуд буда.

Сарам дар пеши поят, эй гул, эй гул,
Ки мехоҳам ризоят, эй гул, эй гул,
Шабе гулдони оғўшам биорой,
Ту донию худоят, эй гул, эй гул.

Буд он яхмолабоз аспи даванде,
Буд он яхмолабоз оҳуфағанде,
Яке парвозӣ шуд чун наҷми паррон
Зи тори қуллаи кўҳи баланде.

Зи ҳар манзар маконатро биҷўям,
Зи ҳар дилбар нишонатро биҷўям.
Барои бўсаҳо аз банди поят
Зи ҳар дар остонатро биҷўям.

Сапеда медамад аз чашмасорон,
Зи чашмони ғизоли кўҳсорон,
Сапеда ҳамчу шабнам мехурад пош
Зи боли кафтарони обшорон.

Пару болат парастам, эй парасту,
Хату холат парастам, эй парасту,

пешина
аз 264
навбатӣ