Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу ғулинги дарахти қандаки мо
Лабонат буд ширин, ҷони ширин.

Саҳар дастат ба дасти офтоб аст,
Ки ҳастият зи ҳасти офтоб аст,
Ба пушти теғаҳо бегоҳии рўз
Нишастат чу нишасти офтоб аст.

Ало, эй дилбари дилхоҳи Фалғар,
Туро пазмон шудам чун моҳи Фалғар,
Азоби ишқи ту як умр бо мост
Ба монанди азоби роҳи Фалғар.

Ман имшаб бо хурўши рўдборам,
Навохоне ба гўши кўҳсорам,
Ман имшаб рўи роҳи селаи абр
Пазирои сурўши навбаҳорам.

Маҷў аз ман манеро, ки чу ман нест,
Манеро, ки гуҳарсанҷи сухан нест,
Манеро, ки фақат худро парастад,
Манеро, ки ҷигарбанди Ватан нест.

Басо кас, ки фақат пул ҷўяду пул,
Бихоҳад ҷои гул пул рўяду пул,
Ки пулҳоро ба сони гул бичинад,
Ба ҷои гул фақат пул бўяду пул.

Ба кўҳи Дор меояд ҷавонмард,
Раҳи дилдор мепояд ҷавонмард,
Наомад дилбараш, к-аз сўзиши ҷон
Ба тарма сина месояд ҷавонмард.

Биё, ҳулбў бичин бо ман, гули ман,
Гули қоқў бичин бо ман, гули ман,
Бичида ошиқи печон, ба ман печ,
Шабе шаббў бичин бо ман, гули ман.

пешина
аз 264
навбатӣ