Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ин мардум ягон андешае нест,
Ки ҷуз сайёдӣ дигар пешае нест,
«Илоҳо, бишканад дасти камонсоз»,
Садои кабки рав дар бешае нест.

Бирав, меҳри маро аз дил бадар кун,
Маро аммо ба сӯри худ хабар кун,
Ба чашмам аз паси тўри сарандоз
Шаби тўи арўсият назар кун.

Зи ҳарфи модарӣ дилҳо шавад хуш,
Ба ҳарфи модарӣ дунё диҳад гўш,
Кунад аблаҳтарин инсони олам
Забони модариашро фаромўш.

Ало кўҳӣ, саманди ман куҷо шуд?
Чаро ногаҳ зи банди ман ҷудо шуд?
Паланги рўдҳо ҳар сў хурўшон,
Ба он оҳуфағанди ман чиҳо шуд?

Басо барбод дорад зиндагонӣ,
Басо бедод дорад зиндагонӣ,
Ба номарду ба нопоку ба ношукр
Басо имдод дорад зиндагонӣ.

Нигоҳат бар нигоҳам шўъларез аст,
Нигоҳам аз нигоҳат шўълахез аст,
Вале чун оҳуи рамхўрда гоҳе
Нигоҳам аз нигоҳат дар гурез аст.

Зи дилтангӣ ба танг овард моро,
Чу дарё сар ба санг овард моро,
Будам гулмоҳие дар рўди қисмат,
Ки бо шасте ба чанг овард моро.

Забонат буд ширин, ҷони ширин,
Даҳонат буд ширин, ҷони ширин,

пешина
аз 264
навбатӣ