Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Туро бас ҷилва доданду басе ноз,
Маро сар то ба по дил офариданд.

Дилам ларзад ба сони фарки беша,
Ки меояд садои пойтеша,
Дилам ларзад зи сели ҳирси инсон,
Ки бурда бас дарахтонро зи реша.

Хушо бар ман, гузаштӣ аз бари ман,
Ба сони моҳи якка аз сари ман,
Валекин войи ман, гар бигзарӣ ту
Ба тобуте баногаҳ аз дари ман.

Басо дидем мо ёрони содиқ,
Басо носозгору номутобиқ,
Муҳаббат гар бианҷомад ба некӣ,
Хушо сӯру хушо ҷуфти мувофиқ.

Тўйӣ гар ҳамравам, эй моҳталъат,
Ба роҳи орзу, роҳи муҳаббат,
Шавад осонгузар он роҳи мушкил,
Шавад сарбасти шаҳроҳи саодат.

Накуҳишро бубинам дар ситойиш,
Итобу сарзанишро дар навозиш,
Муҳаббатро басо мамлуи нафрат,
Лаби пурхандаро лабрези нолиш.

Дар ин дунё манам шармандаи ту,
Ки ҳастам рўзу шаб кобандаи ту,
Дар ин дунё бихандӣ бар ғами ман
Маро бар гиря орад хандаи ту.

Маро бар ту, туро бар ман намуданд,
Алоби ишқро дар дил фузуданд,
Алоби ишқро пас карда помол,
Маро аз ту, туро аз ман рабуданд.

пешина
аз 264
навбатӣ