Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нигаҳ кардам, нигоҳамро биёмурз,
Нигоҳи додхоҳамро биёмурз,
Агар ошиқ будан бошад гуноҳе,
Гуноҳи бегуноҳамро биёмурз.

Бувад оё, ки рози мо шиносанд?
Найи моро зи сози мо шиносанд?
Бувад оё, зи нўги қуллаи шеър
Яке шебу фарози мо шиносанд?

Сабоҳе булбуле дар базми гулҳо
Ба гўши барги гул медод ово:
Зиҳӣ, он ғунчаи табъе, ки бишкуфт
Зи шеъри Ҳофизу овози Барно.

Чу дарё гар зи кўят по канам ман,
Сари худро ба соҳилҳо занам ман,
Гар аз дарё битобад моҳи рўят,
Ба дарё хештанро афканам ман.

Назар созӣ, назаргоҳат дили ман,
Гузар созӣ, гузаргоҳат дили ман,
Агар ойӣ шаби торе ба кўям,
Фурўзон бод дар роҳат дили ман.

Ало оҳутако, пайгум набошӣ,
Ниҳон аз дидаи мардум набошӣ,
Ало ҳомун, ту бошию таковар,
Ва рўзе бе садои сум набошӣ.

Нигоҳи мову ту пайвандаки мост,
Ба зарфат пуркунанда қандаки мост,
Миёни пешоянду пасоянд
Зи феълат пои ту дар бандаки мост.

Туро дар зеб комил офариданд,
Маро бар бўса сойил офариданд,

пешина
аз 264
навбатӣ