Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баҳорӣ. Рафтам ба дунёе, ки ҳамеша боиси шодию сурурам мегашт. Дунёе, ки ҳар лаҳзаи он ҷо буданамро ба ҳама моли дунё намедиҳам.
Падар бо модар машварат мекард.
– Мегӯм занак, як пишак барои хона даркор аст.
– Охир дар ҳамин гирду атрофи хона аз дасти пишакҳои дайду на мурғамон мондаасту на чуҷа. Ҳамаро дуздидаву бурда хурдаанд. Боз биёрем яктаи ҳамонҳоро дар болои ҷонмон бипарваронем?
– Не занак. Пишакҳои дайду дигаранду онеро, ки худат тарбияву таълим медиҳӣ дигар аст. Рамузи хонаро ёдаш медиҳӣ тамом, олам гулистон.
– Ҳамин пишак гуфтаниро дар хона ман он қадар дӯст намедорам мардак. Феъли бад доранд.
– Чӣ феъли бад?
– Дар ҳама чӣ, косаву табақ фӯк мезананд.
Ҳамаро макруҳ мекунанд. Дигар коре кун, ки ҳамсояву хешу табор нонамонро нахӯранд.

– Ҳе занаки сода. Гуфтам, ку бояд таълимаш бидиҳем, одам мешава.
– Одамҳоро солҳои сол таълим медиҳанду одам намешаванд, ту мехоҳӣ ҳайвонро таълим дода одам бикунӣ? – паст намеомад модар.
– Даркорай занак, дар хона як пишак даркорай. Ҳамаи гандуму шолиро мушҳои гизала тухму торашонро баровардаанд. Сояи пишакро дар хона бинанд, дигар ҷуръат намекунанд, ки ин хел бедодиву беинсофиро давом бидиҳанд. Гап тамом. Пишак мегирем гуфтам, пишак мегирем! Бачаҳо саҳар шумо канӣ дар қишлоқ пурсон шавед, ягон пишакбача ёфт мекунед? – хулоса кард падар.
– Пишакча? Майлаш, гап нест атаҷон, гап нест! – хурсандии бачаҳоро ҳадду канор набуд.
Рӯзи дигар як пишакчаи хурдакак рӯи ҳавлӣ ларзон-ларзон қадам мегузошт. Тамоми аҳли хонавода таваҷҷуҳаш мекарданд. Яке косаи шир наздаш мегузошт, дигарӣ косаи об, яке мағзи нонаш медод, дигарӣ дасти навозиш бар сараш мекашид. Аммо модари хонадон нисбаташ беэътино буд. Гӯё вуҷуди чунин

пешина
аз 95
навбатӣ