Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷонваре дар хона барояш аҳамияте надошт.
Аслан нигоҳаш намекард, вале ҳамин, ки ягон кори хилоф карданӣ мешуд, чашми тезбини модар ӯро медид:
– Ку худатро аз назарм дур кун, беадаб!
Гурбача тарсида зуд ба як канори хона медавид ва аз назар худашро нопадид мекард.
Ҳамин тавр чанд лаҳза сипарӣ мегашт. Нигоҳ мекард, ҳамин, ки ҳоли модар хуш мешуд боз дар давру бари онҳо пайдо мегашт.
Баъди чандин вақт гурбачаи кӯчаки мо ба як гурбаи хушқаду қомат ва калоне мубаддал гашт. Чӣ тавре ки падар ҳадс мезад, дигар ягон мушак ҷуръат намекард ба даври хона гузар намояд, чӣ расад ба он, ки дар ҳавлӣ ё хона гаштугузор намоянд, нағмаҳое кунанд, моли хонаро ба яғмо баранд. Гурба ҳокими мутлақи хона гашта буд. Хонавода низ хеле дӯсташ медоштанд, ҳар нозашро ба ҷон мехариданд. Ин хона барояш биҳиште буд, ки гурбаҳои дигари дайдуву бехонаву дар, ҳатто, дар хоби шабашон наметавонистанд чунин зиндагиеро барои худ тасаввур намоянд.

пешина
аз 95
навбатӣ