КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа
Сароғози гуфтор номи Худост,
Ки бахшандаву меҳрубон халқрост.
Аз ҳама азизоне, ки дар роҳи пурфарози Адабиёт ва дар чопи ин китоб маслиҳатгару раҳбарам будаву ҳастанд, сипосгузорам.
Хусусан, аз волидайни азизам, ки меҳри суханро дар дилам парвариданд ва ҳамсари бузургворам, адиба Гули Зард ва бонуи суханвар Марямбонуи Фарғонӣ самимона сипосгузорам.
Дили Тоҷик
Пешгуфтор
СУХАНИ ГУФТАНИЕ ДОРАД Ӯ
Мутолиаи навиштаҳои Дилафрӯзи
Қурбониро, ки дар як дафтар гирд оварда,
«Китоби орзуҳо» унвон додааст, дар чанд соат
ба поён расонидам. Одатан, хондани асаре, ки
забонаш равон набошад, бароям ниҳоят кори
саъб аст, балки имконнопазир. Басо осори
адибони машҳури ҷаҳонро, ки солҳо дар таманнои ба даст оварданашон месӯхтам, дар
баргардониши тарҷумонҳои камҳунар ақаллан то ним хонда натавониста, як сӯ гузоштаам.
Чун навроҳи ҷодаи душворписанди адабиёт – Дилафрӯзи Қурбонӣ ин маҷмӯаро пеш аз чоп ба дастам дод, то назари хешро ибоз дорам, тарсам низ ҳамин буд, ки то охир хонда натавонам. Хушбахтона, аз ин саҳфа ба он саҳфа мегузаштам, лаззати маънавӣ мебурдам, ҳамин тавр бехабар мондам, ки ба охирсухани он расида будам. Ба дил мегуфтам, ки «қисса кӯтоҳ асту афсӯс, шаб дароз».
Сабки нигориши хосе дорад Дилафрӯз. Ӯ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаррӯза ҳикояҳои хурд-хурд менависад. Хонанда гоҳе жанри навиштаҳои муаллифро тафриқа карда наметавонад: достони хурд аст ё новелла, ёддошт аст ё панднома? (Худи нигоранда низ дар ин боб ишорате накардааст.) Ба андешаи банда, ба кадом намуди адабӣ тааллуқ доштани чакидаи қалами адиб муҳим нест. Муҳим он бошад, ки ин бонуи хомабадаст ба дигарон сухани гуфтание дораду онро бо забони шевои сода рӯйи коғаз мерезад. Хонанда бо шавқ мутолиа мекунад ва баъди хатмаш дар атрофи он «дилнавиштаҳо», ки муаллифаш тахаллуси Дили Тоҷик дорад, ба андеша меафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё