Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дар куҷо ман ин гурбаро дида бошам?» – ба худ андешидам. Аммо ҳеҷ дар лавҳи хотирам намегузашт.
– Охир ин гурбаи ҳамсоя ҳаст, шояд дар ҳамин атрофи бино онро дида бошам. Не, ин гурба дӯсти кӯҳна барин. Гӯё солҳост, ӯро мешиносам. Солҳои зиёд. Ангор аз кӯдакиям бо ӯ ошноям.
Боз каме майнаамро об кардам. Аслан, ин гурбаи ҳамсоя, ки палангчаи кӯчакро мемонд, бароям он қадар муҳим набуд. Муҳим чизи дигарест. Ин гурба мисли шиноси деринаам ба назар меояд. Аммо ин ҳайвончаи зеборо ду-се солаш беш нест. Пас чаро аз зеҳни ман гузашт, ки ӯро солҳои сол, аз тифлиям мешиносам?
Оҳо, ана нав ба ёдам расид! Вай охир ба гурбаи раҳматии мо шабеҳ аст. Сад дар сад монанд.
Гӯё он гурбаи худамон аст. Аз ҳамон айёми тифлӣ. Гурбаи хонаи падарӣ. Гурбаи зебое, ки ҳама дӯсташ медоштанд. Боз баргаштам ба олами гулрезу пурнакҳати тифлию наврасӣ.
Ин дафъа амиқтар ба парвоз омад рӯҳи пурхурӯшам, рӯҳи сармаст аз насими гулбези

пешина
аз 95
навбатӣ