Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устодона даруни тобут оинаеро насб карда буданд, ки шахси нигоҳкунанда танҳо акси худро медид. Албатта, ин тадбири ғайриинтизор онҳоро чанд муддат аз сухан кардан бозмедошт.
Вақте ки ҳамаи аҳли маҷлис тобутро диданд, Парвин риштаи суханро ба даст гирифт:
– Умедворам баъд аз маҷлиси имрӯза ҳар кадоми мо хулосаи даркорӣ барорем. Бояд ба худамон иқрор кунем, ки танҳо худамон метавонем ба пешрафту муваффақиятамон латма занем. То худамон накӯшем, касе наметавонад моро ба пешравиҳо ноил гардонад. Мутаасифона, ҳамеша интизор дорем, ки дигарон бояд кор кунанд. «Бо як кори ман чӣ мешавад?» меандешем худ ба худ. Дар ҳоле ки корро ман, ту, дигаре бояд анҷом диҳад. Агар корамонро худамон мувофиқи табъи диламон анҷом надиҳем, каси дигар наметавонад, онро мувофиқ ба майлу хоҳиши мо иҷро намояд.
Ҳар кас агар аз уҳдаи кораш бо осонӣ барояд, ҳоҷат ба такрор кардани он кор намемонад.
Ободии ҳар як хона, ҳар як кӯча, ҳар як хиёбон, ҳар як деҳаву шаҳр ва дар охир Ватан дар дасти ҳар яки мост. Беҳуда намегӯянд: «Аз мост, ки

пешина
аз 95
навбатӣ