Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

метавонед бо навбат омада, бо ӯ худоҳофизӣ намоед.
Ҳангоми ворид кардани тобут ҷунбише дар толор мушоҳида гашт. Мардум беқарорӣ мекарданд. Дигар сабру тоқатро кам-кам аз даст медоданд. Мехостанд ҳар чӣ зудтар рӯи ин одами гунаҳкорро бибинанд. Тобутро ба замин гузоштанд. Аввалин шахс аз ҷояш хеста, ба назди тобут рафт ва рӯи майитро кушода, нигоҳ кард. Моту мабҳут гашт. Бо қадамҳои сангин омада ба ҷояш нишаст. Дигарӣ низ бо шавқ рафт, барои рафъи кунҷковияш. Мисли шахси аввалӣ лолу пакар омад сари ҷояш. Ҳар кадоме, ки мерафт дидани марҳум ва рӯяшро мекушоду медид, мисли барқзадаҳо карахт мегашт, чунки интизораш ин аст, ки рӯи ношиносеро мебинад, вале аз дидани чеҳраи худаш ва навиштаҷоти даруни тобут як лаҳза дасту по гум мекунад. Меандешад, ки: «Худоё, маро ба назар намуд ё девона шудаам?»
Навиштаҷоти рӯи варақи сафед, чанд лаҳзае ӯро ба дарёи андеша фурӯ мебарад:
«Ҳар шахс худаш монеи пешрафти худаш аст.
То мо ин ишколро дар худамон бартараф накунем, касе наметавонад, моро пеш барад.»

пешина
аз 95
навбатӣ