Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бар мост». Бояд ҳар кадоми мо бикӯшем, ки ба қадри тавону қудратамон дар ободию пешрафти корхонаву коргоҳамон саҳми худро бигузорем. Ободию пешрафт аз ҳамин чизҳои ҷузъию кучак оғоз мешавад. Сарчашмаи ҳамаи корҳои бузург муваффақият дар корҳои хурду назарногир аст. Шумо як ба пайдоиши дарёҳои бузург таваҷҷуҳ созед. Аввал шохобчаҳо кӯчак ҳастанд. Сипас калонтар мешаванд ва рафта-рафта ба шохаҳои калон пайваста дар охир ба дарёи бузургу паҳновар табдил меёбанд. Корҳои хурдро набояд бо чашми кам бинем. Ба онҳо бояд арзиш қоил бошем.
Ва мутмаин бошем, ки рӯзе ин амалҳои назарногиру кӯчаки мо ба дарёи корҳои бузургу мондагоре мубаддал мегарданд.

Гурбаи Мошон

Тирезаҳоро кушодам, то ҳавои тозаи баҳорӣ ба машомам бирасад. Аввалҳои моҳи март аст. Ҳавои сарди зимистона алаккай таронаи алвидоъашро хонда, ба қавли мақоли мардумӣ «ҷулу пустакаш»-ро, ки аз курпаи ғафси барфи сафед иборат буд, кайҳо ғундошта, бо шамоли сарди нарм охирин лаҳзаҳои ҳаёти яхинашро паси сар мекард. Аз тирезаи ошёнаи дуюм ба берун нигаристам.
Ростӣ каме хаста будам. Чанд рӯзест, китоберо ба риштаи таҳрир мекашам. Вақтам хеле танг аст, боз якчанд корҳои нимколаи дигар дорам, ки интизорам ҳастанд. Аз ин рӯ шитоб дорам.

пешина
аз 95
навбатӣ