Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
медиҳад, зеро нишондиҳандаҳои алоҳида арзиши пасттари иттилоотӣ доранд ва ин метавонад боиси тафсири нодурусти онҳо шавад.
Низоми нишондиҳандаҳо хусусан дар он ҳолатҳое муҳим аст, ки якчанд ҳадафро ба назар гирифтану робитаи байни унсурҳои низомро муайян кардан лозим мебошад. Зимнан бояд қайд намуд, ки теъдоди аз ҳад зиёди нишондиҳандаҳо таҳқиқро душвор гардонда, зиёда аз ин, таҳлилгаронро ба роҳи хато мебарад.
Таркиби низоми нишондиҳандаҳо то андозаи муайян аз навъи таҳлили доиршаванда вобастагӣ дорад. Одатан таҳлили молиявиро ба ду навъ – дохилӣ ва берунӣ ҷудо мекунанд. Таҳлили молиявии беруниро таҳлилгарони мустақил мегузаронанд ва заминаи онро асосан маълумоти ошкор ташкил медиҳад, бинобар ин муфассалии он камтару расмияташ бештар аст. Заминаи иттилотии таҳлили дохилӣ хеле васеътар аст, бинобар ин имкониятҳои ин гуна таҳлил ҳам васеътар мебошанд.
Сарфи назар аз навъи таҳлил низоми нишондиҳандаҳоро як бор ва барои ҳамеша муқаррар кардан мумкин нест, гузашта аз ин, он бояд доимо шаклан ва моҳиятан таҷдиди назар карда шавад.
Нишондиҳандаи даромаднокӣ таносуби фоидаи корхона ва омилҳоро нишон медиҳад, ки моҳиятан, заминаи пайдошавии он мебошанд. Ҳисоботи муҳосибӣ барои ҳисобкунии миқдори бештари нишондиҳандаҳои даромаднокӣ имкон медиҳад, бинобар ин онҳоро бо мақсади батартибдорӣ ва таъмини ҳолати беҳтарашон зимни иҷрои расмиёти таҳлил ба гурӯҳҳои таҳлилӣ ба низом бояд овард.
Маҷмӯи имконпазири фоида бо омилҳои ба он таъсиркунанда дар натиҷа нишондиҳандаҳои зиёди даромаднокиро фароҳам меоранд, ки на танҳо аз рӯи вазифа ва мазмун, балки аз лиҳози нишондиҳандаҳои ҳангоми ҳисоби онҳо истифодашуда гуногун мебошанд. Ба сифати чунин нишондиҳандаҳо дар амалияи кишвар одатан нишондиҳандаҳои фоидаи тавозунӣ, фоида аз фурӯши мол ва фоидаи соф истифода бурда мешаванд.
Интихоби нишондиҳандаҳои лозиман даромаднокӣ бо он муайян мешавад, ки то чӣ андоза онҳо дар маҷмӯъ низомеро ташкил медиҳанд, ки бар асоси қоидаҳои муайян сохта шудааст:
нишондиҳандаҳои алоҳида бояд ҳамдигарро такрор накунанд, хилофи ҳам набошанд, балки ҳамдигарро мукаммал гардонанд. Барои ин имкониятҳои таҳлилии ҳар нишондиҳандоро дуруст арзёбӣ намудану аҳамияташро дар низом муайян кардан зарур аст.
Даромаднокии гардиши мол (фурӯш) вобастагии байни фоида ва
гардиши молро инъикос карда, андозаи фоида аз воҳиди молӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё