Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фурӯхта бадастомадаро нишон медиҳад. Азбаски баҳисобгирии муҳосибии амалиёти хоҷагидорӣ бо ифодаи пулӣ пеш бурда мешавад, зарби даромаднокии фурӯш ба 1000 зарб карда шуда, нишон медиҳад, ки аз 1 ҳазор сомонӣ моли фурӯхташуда чӣ қадар фоида ба даст оварда шудааст. Ҳар қадар фоида бештар бошад, ҳамон қадар даромаднокии фурӯш баландтар мешавад.

Нишондиҳандаи даромаднокии сармояи худӣ ба сармоягузорон имкони арзёбӣ кардани даромади эҳтимолӣ аз гузориши маблағ ба саҳмия ва қоғазҳои дигари корхонаро медиҳад. Дар асоси нишондиҳанда давраеро муайян метавон кард, ки тайи он воситаҳои ба корхона гузошташуда пӯшонида мешаванд. Даромаднокии сармояи худӣ ҳамчун нисбати фоидаи соф ба сармояи худӣ ҳисоб карда мешавад.

Даромаднокии дороиҳо ҳамчун нисбати фоидаи тавозунӣ ба ҷамъи дороиҳо ҳисоб карда мешавад, ин нишондиҳанда ба сифати ҷамъбасткунанда истифода шуда, барои арзёбии самаранокии ҷамъи сармоягузориҳо ба манбаъҳои молиявӣ, сарфи назар аз андозаи қиёсии онҳо, имкон медиҳад.

Даромаднокии фондҳои истеҳсолии корхонаи тиҷоратӣ аз рӯи таносуби маҷмӯи умумӣ ва миёнаи воситаҳои асосӣ ва моддий гардон муайян мегардад, ки ба 100 зарб карда шудааст.

Дар баробари нишондиҳандаҳои гардиши мол, сармоя, воситаҳои асосӣ ва гардон барои ҳисоби сатҳи даромаднокӣ (зарибҳо) нишондиҳандаҳои дигар ҳам истифода мешаванд: хароҷоти муомилот, майдони савдо, тездоди кормандон, ҳар як аз инҳо ҷанбаи муайяни натиҷаҳои фаъолияти корхонаи тиҷоратиро таъкид мекунад.

Сатҳи даромаднокӣ, ки чун нисбати ҷамъи маблағи фонда аз фурӯши мол ба ҷамъи хароҷоти муомилот ҳисоб карда шудааст, самаранокии хароҷоти ҷориро нишон медиҳад. Афзоиш ё коҳишёбии хароҷоти муомилот бевосита ба каму зиёд шудани фонда таъсир мерасонад. Ин нишондиҳандаи даромаднокӣ самараи муомилоти тиҷоратии молҳоро нишон медиҳад.

Даромаднокие, ки чун нисбати фоида ба шумораи кормандони корхона ҳисоб карда шудааст, самаранокии истифодаи қувваи корро инъикос намуда, ҳаҷми фоида ба сари ҳар корманд (нисбати фоида тавозунӣ ба шумораи миёнаи кормандон)-ро нишон медиҳад.

Нисбати фоида аз фурӯши молҳо ба масоҳати майдони савдои корхона андозаи фоида аз 1 метри мураббаъ масоҳати мағоза

пешина
аз 151
навбатӣ