Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин формула дар сурати зарурати таҳлили фоида аз фурӯши якчанд намуди маҳсулоти корхона истифода бурда мешавад.

Ҳангоми таҳлили фоида аз фурӯши як намуди маҳсулот формулан модификатсияшудаи муайянкунии фоидаро истифода бурдан мумкин аст; агар миқдори маҳсулоти фурӯхташуда ва меъёри даромади маржиналии (Дс) дар нархи воҳиди маҳсулот маълум бошанд:

Ф = К х Дс - Н, Дс = Н - V, (9)

Дар ин ҷо:
Н — нархи фурӯш;
V - тағйирёбандаҳои ҳиссавии хароҷот барои воҳиди маҳсулот.

Ф = К (H-V) - ХД. (10)

Ин формула имкон медиҳад, ки тағйирёбии ҷамъи маблағи фоида аз ҳисоби миқдори маҳсулоти фурӯхташуда, нарх ва сатҳи хароҷоти тағйирёбандаву доимӣ муайян карда шавад.

Усулҳои номбаршуда барои дурусттар ҳисоб намудани таъсири омилҳо ба тағйирёбии ҳаҷми фоида имкон медиҳанд, зеро робитаи байниҳамдигарии ҳаҷми истеҳсол (фурӯш), арзиши аслӣ ва фоидаро ба назар мегиранд.

6.4. Маҷмӯи нишондиҳандаҳои даромаднокӣ

Фоида натиҷаи ниҳоии молиявии фаъолияти корхона мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ натиҷаҳои фаъолият тавассути низоми нишондиҳандаҳо арзёбӣ карда мешаванд, ки муҳимтаринатарин даромаднокӣ аст. Даромаднокӣ ин нисбати фоида ба яке аз нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона мебошад. Ҳангоми ҳисоб кардани даромаднокӣ нишондиҳандаҳои гуногуни фоидаро истифода бурдан мумкин аст. Ин барои ошкор намудани самаранокии умумии иқтисодии кори корхона, ва ҳам арзёбии ҷиҳатҳои дигари фаъолияти он имкон медиҳад.

Барои қабул намудани қарорҳои идоракунӣ одатан низоми таркибии нишондиҳандаҳо татбиқ мешавад, ки ба мақсади муайян равона гардидааст. Низоми нишондиҳандаҳо барои канораҷӯӣ аз хатари инъикоси яктарафа ва нопурраи фаъолияти корхона имкон

пешина
аз 151
навбатӣ