Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
бобарори онҳо мегардад: амалан ҳама мавриди ин ширкатҳои ба онҳо монанд мебошанд (ё ба стратегияи виолентӣ фавран риоя менамоянд, ё дар заминаи самтҳои он густариш меёбанд).
Замони имрӯза барои виолентҳои ватанӣ, ки ба қатори онҳо ташкилотҳои бузурги саноатӣ дохил мешаванд, марҳилаи муносиб нест.
Стратегияи виолентӣ барои ширкатҳои мобилии намоён ояндадор аст. Тасодуф нест, ки бисёр ширкатҳои шахсии бузург кӯшиш менамоянд, ки даромади худро на аз ҳисоби баланд намудани нархҳо, балки аз ҳисоби гардиш ба даст оранд. Барои мисол, ширкати «Макдоналдс»
дар натиҷаи фурӯши гамбургерҳои 10 сента империяи тавоно гардид, то ҳанӯз тарҳи қаҳвахонаҳои он бо ғояи нархи арзон ва сифати баланд алоқаманд мебошанд.
Стратегияи патиентӣ барои ширкатҳое хос аст, ки дар роҳи доираи танги тахассус ба истеҳсоли маҳсулоти ғайримуқаррарӣ барои доираи махдуди истеъмолкунандагон машғул аст. Ширкатҳои патиентӣ қувваи бозаргонии худро баҳри ивазнашавандагии мизоҷони худ сарф менамоянд.
Чунин намуди ширкат мехоҳад дар бозор мавқеи муайян пайдо намояд.
Чун қоида, он маҳсулоти қимат ва сифатноки худро ба шахсоне равон менамояд, ки маҳсулоти стандартӣ онҳоро қаноатманд карда наметавонанд. Мақсади ин стратегия на танҳо тахассуси маҳсулот, балки кӯшишҳо нисбати маҳсулоте, ки эҳтиётқот ба он маҳдуд аст, равона гардидааст.
Патиентҳоро чӣ маҷбур месозад, ки таҳмони бозории худро тарҳрезӣ намоянд? Пеш аз ҳама, барканор шудан аз рақобати бевосита бо ширкатҳои пешкадам. Дар истеҳсолоти маҳсулоти стандартӣ мубориза бо пешсафон бебарор аст, аммо дар мавриди ба инобат гирифтани дархостҳои махсуси истеъмолкунандагон бартарӣ дар ҷониби ширкате мебошад, ки тамоми фаъолияти худро ба омӯзиш ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон равона намудааст. Ва ин ҷо нақшҳо дигар мешаванд: ҳаҷми бузург ва эътибор ба камбудиҳо мубаддал гашта, бартариро ширкатҳои хурд ва миёна ба даст меоранд. Тасодуфӣ нест, ки ширкат – патиентҳоро «рӯбоҳони маккор»-и иқтисодиёт меноманд.
Тасаввур намудан мушкил аст, ки масалан иттиҳодияи бузурги коркарди металл ҷиддан дар ҷустуҷӯи тарҳҳои гуногуни занҷирҳои буранда барои арраҳои барқӣ бошад. Маълум аст, ки дар гардиши умумии иттиҳодия ин занҷирҳо фоизи назаррасро ташкил намекунанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ширкати миёнаи «Омарк» (ИМА) танҳо ба истеҳсоли занҷирҳои буранда машғул буда, дар миқёси байналмилалӣ дар ин соҳа пешсаф аст. Барои дарк намудани он ки ҷангалбурон дар мавриди интихоби ашёи беҳтарин барои меҳнати вазнин кадом асбобро бартаринок меҳисобанд, таҳлилгар будан лозим нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё