Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Стратегияи виолентӣ («қудратӣ») ин стратегия барои ширкатҳое пешбинӣ шудааст, ки дар истеҳсоли маҳсулот ва ё хизматрасониҳои калони стандартӣ фаъолият доранд. Се шакли ширкатҳои гуногуни виолентӣ номҳои дар хотир ҳифзшавандаро касб намудаанд: «шерони бовиқор», «филҳои қудратманд» ва «баҳмутҳои лаванд». Стратегияи виолентӣ сода аст: дар такя ба қувваи бузурги худ, ширкат мекушад, ки дар бозор ҳукмфармо бошад ва мавқеи рақибони худро суст намояд. Вай харидорро бо нархҳои арзон ва муомилаи нек (сифати миёнаи маҳсулот) ба худ ҷалб менамояд. Ғамхорӣ нисбати харидор ин аз ҷониби виолентҳои қудратманд, ки аксар маврид дар бозор мавқеи монополистӣ доранд, амали хайрхоҳона набуда, натиҷаи фаҳмиши дурусти талаботи эҳтиёҷоти умум мебошад. Ашёи бесифату қимат ин эҳтиёҷотро ба вуҷуд намеорад.
Мунаққидони ширкатҳои калон бисёр вақт қайд менамоянд, ки таърих аз онҳо афзалияти асосӣ - бартарии техникиро барканор сохт. Пештар ширкатҳои хурд таҷҳизоти муосир надоштанд, аммо ҳозир таҷҳизоти онҳо низ дар баробари таҷҳизоти ширкатҳои бузург қарор дорад.
Маълум аст, ки новобаста аз камбудиҳои ҷиддӣ, онҳо аз рӯи вазифаҳои худ ивазнашавандаанд, ки устувории доираи баргузидаи корпоративӣ шаҳодати комили он мебошад. Даҳсолаҳост, ки ба шумори ширкатҳои бузург фақат як маҷмӯи ширкатҳо дохил мешаванд ва чӣ тавре ки иқтисодчии бузурги амрикои А. Чендлер қайд менамояд, ҳатто вақте ки ин ширкатҳо аз ҷониби дигарон танг карда мешаванд, муҳим он аст, ки кӣ рақиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё