Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт

БОЗОРОВ ШАВКАТ
ШАРИФОВИЧ

Бозоров Шавкат Шарифович яке аз иқтисодчӣ ва таҳлилгарони варзидаи Тоҷикистон дар самти менеҷменти стратегӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.

Дар соли 1994 ҳангоми дар вазифаи мудири шуъбаи иқтисод ва молияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дар таҳияи аввалин Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гурӯҳи корӣ иштирок намуд. Дар татбиқи Стратегияи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ба ҳайси аъзои Комиссияи мустақил оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва роҳбари гурӯҳи корӣ (солҳои 2005 - 2008) ширкат намуд.

Ҳамчун аъзои Шӯрои Ҳамоҳангсози назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва ба ҳайси коршинос дар таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 иштирок намудааст.

Бозоров Ш.Ш. ташкилкунанда ва аввалин Раиси Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурд ва миёна (солҳои 1993-1996) ва Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологҳо (солҳои 2002-2013) ба шумор меравад.

Бозоров Ш.Ш. ба ҳайси пешсафи тим дар таҳия ва татбиқи зиёда аз 30 грант роҳбарӣ намудааст ва ҳамчун коршиноси мустақил дар таҳияи 25 лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзидааст. Муаллифи зиёда аз 120 корҳои илмӣ, аз ҷумла 20 маводи илмию методӣ, инчунин ҳаммуаллиф ва муҳаррири илмии китоби дарсии «Менеҷмент» мебошад.

аз 469
навбатӣ