Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

Ширкатҳои моҳир дар бозор гуногуниҳоро ворид менамоянд. Онҳо кӯшиши аз муборизаҳо бо ширкатҳои пешсаф дур шуданро намуда, дар ҷустуҷӯянд ва талаботи махсусро ташаккул дода, иқтисодиёрро аз бемасъулиятии стандарт озод менамояд.

Барои ширкатҳои мамлакати мо стратегияи патиентӣ аҳамияти махсус дорад, дар навбати аввал ба сифати фалсафаи соҳибкорӣ. Он даъват менамояд, ки бо ширкатҳои пешрав рӯирост мубориза бурдан нашавад, балки фаъолияти барои онҳо дастнорасро ҷустуҷӯ намоянд. Чунин тарзи корбарӣ бартарии ширкати сустро нисбати ширкати қудратманд ҷиддан баланд мебардорад. Ин намуди муносибат, алалхусус барои ширкатҳои мо дар мубориза бо хориҷиҳо бартаринок ва зарурӣ аст.

Стратегияи коммутантӣ (мувофиқкунонӣ) ҳангоми тиҷорати одӣ дар ҳудуди маҳал бартарӣ дорад. Қувваи ташкилоти ғайримахсусгардонидашудаи хурд дар он аст, ки вай барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти начандон калон ва баъзан эҳтиёҷоти кӯтоҳмуддати мизоҷон омода аст.

Аз рӯи табиати худ талабот ҳама вақт хусусияти пайдоиши нуқташакл ва маҳдуд дорад: дар истеъмолкунандаи мазкур бо дарназардошти ягон вазъият ва ҳолат нисбати ин ва ё он чиз талабот пайдо мешавад. Дар шакли умум, мувофиқат намудани талаботи гурӯҳҳои калон ва ё табақаҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон дар якҷоягӣ бо мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ қаноатмандии онҳоро зиёд намуда, барои истеҳсолоти махсусгардонидашуда (патиентҳо) ё оммавӣ (виолентҳо) асос мегузоранд. Аммо ин шартҳо (условия) ҳама вақт иҷро карда намешаванд ва дар ин ҳолат коммутантҳо муносибатҳои худро оғоз мекунанд.

Ташкилотҳои беҳисоби хурд дар вазъи мушаххаси мазкур ба сифати омили муттаҳидкунандаи иқтисодӣ баромад мекунанд. Дар ҳолате ки дигар ширкатҳо касбияти истеҳсолии худро қатъиян нигоҳ медоранд, танҳо коммутантҳо барои истифодаи ҳар як имконияти бизнес омодаанд. Гап дар сари он аст, ки мавҷуд набудани иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ ба он оварда мерасонад, ки бо чӣ кор машғул шудани коммутантҳо дигар фарқ надорад. Маҳз чунин ноаёнӣ ва бехусусиятӣ сабаби номи «мушҳои хокистарранг»-ро гирифтани коммутантҳо шудааст. Ширкатҳо-«мушҳо»
низ барои ин намуд бартарӣ доранд. Барои онҳо бо ин роҳи фаъолияти тиҷоратӣ, ки дигарон барои бо он рафтан имконият надоранд, ҳаракат намудан хеле осон аст. Эҳсоси соҳибкории озод бо мавҷуд будани мақсадҳои доимӣ барои гирифтани даромад дар фаъолияти коммутантҳо дар шакли тоза ва ба итмомрасида ба назар мерасад.

Маҳз стратегияи коммутантӣ дар байни ширкатҳои хусусии Россия
бартарият дорад. Ширкатҳои собиқадор фаъолияти худро ҳамчун кооперативҳои истеҳсолӣ шурӯъ намудаанд ва дар марҳилаи инкишофи худ
туғёни фурӯши технологияи компютерӣ, марҳилаи «тамғаи хориҷӣ»-ро аз
сар гузаронида, якчанд таҳассусро иваз намудаанд. То кунун ҳама гуна

пешина
аз 469
навбатӣ