Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

• равандҳои дохилӣ;
• бунёди ташкилот.

  1. Консепсияи харитаҳои стратегӣ дар асоси низоми нишондиҳандаҳои баробар сохта мешавад. Оммавӣ шудани он ба қалами асосгузорони ин равия Р.Каплан ва Д. Нортон дахл дошта, дар соли 1992 ба таври расмӣ бо номи «Харитаҳои стратегӣ» дар ҷаҳон машҳур гардид. Харитаҳои стратегӣ на танҳо мавқеи молиявии ширкат, балки муносибати он бо истеъмолкунандагон, бизнес-равандҳои дохилии ташкилот, тараққиёт ва омӯзиши ҳайати кориро дар бар мегирад. Ҳамзамон, мисолҳои харитаҳои стратегӣ ба сифати мавод барои таҳлили васеи ҳодисаҳо ва муҳокимаи истифодаи амалии харитаҳои стратегӣ баромад мекунанд.

Консепсияи низоми нишондиҳандаҳои баробари Д.Нортон ва Р.Каплан
• Принсипҳои амалиёти ташкилот вобаста ба стратегия; нуқтаи назари муосир ба низоми нишондиҳандаҳои баробар асоснокшуда (Balanced Score Card - BSC);
• Давраҳои таҳияи BSC ва алгоритми шаклӣ;
• Мисолҳои истифодаи харитаҳои стратегӣ дар ширкатҳои гуногунсоҳа;
• Монеа ва душвориҳо дар роҳи татбиқи BSC.
Раванди омодагӣ ва таҳияи харитаҳои стратегӣ
• Ҷамъ намудани маълумоти стратегӣ;
• Тартиб додани харитаҳои стратегӣ;
• Муайян намудани самтҳои стратегӣ;
• Муқаррар намудани робитаи мутақобилаи вазифаҳо бо назардошти алоқаҳои сабабию натиҷавӣ.
Ташаккули низоми нишондиҳандаҳо
• Меъёрҳои интихоби нишондиҳандаҳо;
• Коркарди низоми нишондиҳандаҳо;
• Таркиби нишондиҳандаҳо барои сатҳҳои поёнии ташкилӣ;
• Муаммоҳои алоқаманд бо таҳияи низоми нишондиҳандаҳо.
Хусусияти муҳими воситаи мазкур на танҳо имконияти таҳлил ва банакшагирии самаранокро вобаста ба мақсадҳои стратегӣ ва фаврӣ, балки усули муайян намудани зарурати тағйирот дар ширкат ва татбиқи идоракунии тағироти зарурӣ - модели бизнес, яъне тавсифи ҷараёни инкишофро доранд. Мураттабии мазкур барои истифодаи воситаҳои дигари идоракунии стратегия мухолифат намекунад.

Сатҳи якуми таҳияи харитаи нишондиҳандаҳои баробар аз муайян намудани мақсади стратегӣ (банакшагирии натиҷаҳо) дар нишондиҳандаҳои
молиявӣ оғоз мегардад. Чунин нуқтаи назар заминаи мустаҳкам барои
банакшагирии минбаъда буда, дар он мақсади воқеии соҳибмулк инъикос
меёбад. Интихоби стратегия модели сохтори ташкилот, самти қарорҳои

пешина
аз 469
навбатӣ