Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар сохтори пешниҳоднамудаи банакшагирии стратегӣ дар ҳар гурӯҳ матритсаҳо ба якдигар алоқаманд мебошанд, аммо танҳо ба натиҷа ва ё хулосаи як матритса набояд такя намуд ва хулосаҳоеро, ки аз ҳар як матритсаи гурӯҳҳо бармеоянд, ба инобат гирифтан зарур аст. Пас аз гузаронидани таҳлил дар гурӯҳи якум гурӯҳҳои дигар низ бояд таҳлил карда шаванд. Таҳлил дар гурӯҳҳои «Идоракунӣ» ва «Стратегияи маркетинг»
дар ҳама давраҳои таҳлили банакшагирии стратегӣ амалӣ мегардад.

6.2. ҲАРИТАИ СТРАТЕГИИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ
БАРОБАР

Дар шароити устувори бозорҳо афзоиши суръати тағйироти технологӣ ва афзалиятҳои истеъмолӣ, баландшавии сатҳи номуайянии муҳити беруна ба муайянӣ ва саривақтии қабули қарори стратегӣ талаботи зиёд пешниҳод менамояд. Аз бисёр ҷиҳат самаранокии қабул ва татбиқи қарорҳои стратегӣ аз сифати воситаҳои таҳлилие вобастагӣ дорад, ки имконияти таҳияи стратегияро дошта, на танҳо барои ташаккули стратегия имконият медиҳанд, балки онро идора менамоянд.

Бо дараназардошти тағйирёбии босуръати шароити беруна ва рақобати шадид нишондиҳандаҳои молиявӣ барои баҳодиҳии рушди стратегияи ширкат кофӣ нестанд. Барои таъсиррасонии пурра ба тағйирот (қобилияти муҳаррикӣ), пешгӯии тағйироти оянда ва фаъолият барои пайдо намудани афзалият (қобилияти фаъол) қобилияти ширкат хеле муҳим аст. Барои ин дастури муносиб зарур аст.

Консепсияи харитаҳои стратегӣ

Дар ибтидои солҳои 90-ум аз ҷониби Дэвид Нортон ва Роберт Каплан нуқтаи назари муосир барои идоракунии стратегӣ таҳия карда шуд.
Моҳияти ин ақида аз созмон додани ташкилоти стратегие иборат аст, ки татбиқи панҷ принсипи асосиро дида мебарояд:
• тағйир додани стратегия ба сатҳи оперативӣ;
• созмон додани ташкилот дар мутаносибӣ бо стратегия;
• татбиқи стратегия кори ҳамарӯзаи тамоми ҳайати кормандони ширкат мегардад;
• коркард ва татбиқи стратегия раванди бефосила аст;
• тағйирот ба воситаи пешсафии сахт ва самаранок амалӣ мешавад.

Дар натиҷаи кори тадқиқотии миксӣ ва амалӣ воситаҳои нави таҳлилӣ

  • Balanced Scorecard (тарҷумаи «Харитаи стратегӣ» ва ё «Харитаи стратегии нишондиҳандаҳои мувозинами баробар (ХСНБ)» - пайдо шудаанд.
    ХСНБ дар асоси таҳлили стратегия чор самт сохта мешавад:
    • молия;
    • истеъмолкунандагон;
пешина
аз 469
навбатӣ