Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИК

ташкилот ҷадвалҳоеро дар бар мегирад, ки нишондиҳандаҳои ташкилотро дар шакли рақамҳо инъикос мекунанд. Аз ин матритса имконияти гирифтани ахборот барои матритсаҳои дигар, инчунин дар марҳилаи мазкур баровардани хулосаҳои гуногун имконпазир мегардад.

Давраи дуюм усулҳои матритсавии истифодашавандаи таҳлили бозор ва таҳлили соҳа ба шумор мераванд. Бозорҳое таҳлил карда мешаванд, ки ташкилот дар он амалиёт мекунад, инчунин соҳа ба пуррагӣ таҳлил карда мешавад. Дар зергурӯҳи «Бозор» матритсаи BCG, вобастагии суръати афзоиш ва ҳиссаи бозор тадқиқ мегардад ва матритсаи GE, ҷолибии бозор ва рақобатпазирӣ дар соҳа бо ду навъ: тариқи Дэй ва тариқи Мониенсон таҳлили муқоисавӣ карда мешаванд. Зергурӯҳи «Соҳа» матритсаҳоеро дар бар мегирад, ки муҳити соҳа, қонуниятҳои рушди соҳаро тадқиқ менамоянд. Дар зергурӯҳи номбурда матритсаҳои Shell/DPM асосӣ буда, вобастагии ҷолибияти соҳа ва рақобатпазириро таҳлил менамоянд.

Давраи сеюми банақшагирии стратегӣ таҳлили тафриқавӣ ва сифатӣ аст. Тафриқа ва сифат дар ҳолати номбурда ба сифати асос баромада намуда, дар ин замина имконияти ба даст овардани натиҷаҳои интизорӣ ба амал меояд. Дар гурӯҳи «тафриқа» се матритса ҷойгир аст. Матритсаи «беҳтаркунии мавқеи рақобатнокӣ» барои возеҳ нишон додани қонуният ва вобастагии тафриқа аз муҳити бозор хизмат мекунад. Матритсаи «тафриқа - самаранокии нисбии хароҷот» вобастагии нисбии хароҷотро дар бозори мазкур аз тафриқа нишон медиҳад. Матритсаи «маҳсулнокии - навоварӣ тафриқа» вобастагии байни маҳсулнокии воҳиди бизнес ва татбиқи навовариҳоро инъикос мекунад.

Объекти тадқиқоти гурӯҳи «таҳлили сифат» омил ва қонуниятҳои ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда таъсиркунандаро нишон медиҳанд. Ба ин гурӯҳ ду матритса дохил мешавад. Матритсаи «стратегияи муқаррар намудани нарх» мавқеъгирии маҳсулотро вобаста аз сифат ва нарх ҷудо мекунад. Матритсаи «сифат - гунҷоиши захираҳо» мутаносибии сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ва захираҳои сарфшударо муайян менамояд.

Гурӯҳҳои «таҳлили идоракунӣ» ва «таҳлили стратегияи маркетинг» дар раванди татбиқи усули матритсагии банақшагирии стратегӣ дохил нашудаанд. Ин гурӯҳҳо мустақиланд. Матритсаҳое, ки ин гурӯҳҳо аз онҳо таркиб ёфтаанд, дар ҳама давраҳои банақшагирии стратегӣ истифода карда мешаванд ва ба масъалаҳои банақшагирии функционалӣ даҳолат карда метавонанд.

Гурӯҳи «таҳлили идоракунӣ» аз ду зергурӯҳ иборат аст. Зергурӯҳи якум - «роҳбарият» - роҳбарияти ширкат ба пуррагӣ, равандҳои ба роҳбарият вобастабуда, менеҷменти ширкат нишон дода мешавад. Зергурӯҳи «ҳайяти кормандон» равандҳои дар байни ҳамкорон роҳандозишуда ва таъсири омилҳои гуногун ба қобилияти кории ҳайяти кормандонро дида мебарояд.

пешина
аз 469
навбатӣ