Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
сармоягузорӣ, мутаносибии нишондиҳандаҳои даромад ва хатарро барои сармоягузорӣ дар вақти мушаххас муайян менамояд.
Ҳангоми муайян намудани мақсадҳои молиявӣ хусусият ва маҳдудиятҳои истифодаи нишондиҳандаҳои молиявии аниқро ба инобат гирифтан зарур аст. Соҳибкорони ватанӣ вобаста ба як қатор сабабҳо ба нишондиҳандаҳои арзиши тиҷорат такя намекунанд ва сатҳи ҷараёни молиявӣ ва имконияти назорати онҳоро нисбатан муҳимтар мешуморанд. Бинобар ин, дар нақшаи дарозмуддат ҷиҳати савдои бизнес, муттаҳидкунӣ, сохтори иттиҳодияҳои стратегӣ, баҳодиҳии арзиши бизнес аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар амал барои ин раванд нишондиҳандаҳои арзиши саҳмияҳо ва арзиши изофавии иқтисодӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Дар як қатор соҳаҳо барои баҳодиҳии арзиши бизнес нишондиҳандаҳои якҷояи умумиқабулшуда мавҷуданд, ба мисли: миқдори муштариён ба бизнеси воситаҳои ахбор; гардиши мол ба як метри мураббаъи майдони савдои мағоза ва ғайра. Онҳо дар бозорҳои ватанӣ низ ба таври фаъол истифода мешаванд. Соҳибмулкони бизнес тавсифи маҷмӯи меъёрҳои самаранокии қарорҳои ҷории вазифаҳои молиявӣ ва зарур будани арзиши бизнесро барои ба нақшагирии дарозмуддат интихоб мекунанд.
Миссия
(Барои чӣ мо вуҷуд дорем?)
Арзишҳои асосӣ
(Ба чӣ мо бовар дорем?)
Дидгоҳ
(Чӣ гуна шудан мехоҳем?)
Стратегия
(Мантиқан ташкили оянда?)
Харитаи стратегӣ
(Омода намудани ташкилот барои татбиқи стратегия?)
Ташаббусҳои стратегӣ
(Мо бояд чӣ кор кунем?)
Мақсадҳои инфиродӣ
(Ман бояд ба чӣ бовар кунам?)
Натиҷаҳои стратегӣ
Қаноатмандии
соҳибмулкон
салоҳиятнок
Қаноатмандии
истеъмолкунандагон
Ҷараёнҳои
самараноки
тиҷорат
Кормандони
ҳавасманд
ва салоҳиятнок
Расми 6.3. Шакливазкунии миссия ба натиҷаҳои дилхоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё