Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Коркарди тафаккури стратегӣ барои муассиса дар асоси панҷ меъёри гуногун, ки натиҷаи тасаввурро возеҳ тасвир менамоянд, амалӣ карда мешавад. Онҳо барои муайян намудани миқдори марҳилаҳои барои табдилёбии диди тиҷоратӣ ба воқеият зарур, кумак мерасонанд. Номгӯи меъёрҳои асосӣ инҳоянд:
• Ташкилӣ. Ташкил намудани ташкилот аз инсонҳо иборат мебошад, ки дар он фаъолият мекунанд ва сохтори ташкилии ширкат ва захираҳои заруриро барои амалиёти он танзим менамоянд. Муассиса чӣ гуна мешавад? Сохтори он чӣ гуна дастгирӣ карда мешавад? Чӣ гуна одамон, захираҳо, сохтор ва натиҷаҳо муттаҳид мегарданд?
• Мушоҳида. Тафаккури стратегӣ ин ба ҷаҳон аз боло нигоҳ кардан аст, ки тавассути он чизҳои зиёдеро дидан мумкин аст. Бо туфайли ин имконияти мушоҳида кардан баланд гашта, мақсади рафтори одамон, қобилияти ҳалли муаммоҳо нисбатан самаранок ва ҷустуҷӯи фарқияти вариантҳои алтернативӣ беҳтар фаҳмида мешавад.
• Нуқтаи назар ин нигоҳҳои гуногун ба чизе аст. Дар тафаккури стратегӣ ҳангоми таҳияи стратегияи соҳибкорӣ чор нуқтаи назар ба

пешина
аз 469
навбатӣ