Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 4. НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
истифода намудани имкониятҳои афзалиятноки мавҷуда маънидод карда мешавад.
Тафаккури стратегӣ дорои мундариҷаи муайян аст, ки дар охир ба натиҷаи муайян оварда мерасонад. Тафаккури стратегӣ механизми шабеҳ бо офаридани кинофилмро дорад. Аввалан, бояд донист, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ чӣ мехоҳед, пас аз он - нақшаи фаъолият ва татбиқи онро бояд таҳия кард.
Дар раванди тафаккури стратегӣ инсон татбиқи хоҳишро ба воқеият бо роҳҳои истифодаи усулҳои самараноки коркарди муаммо, маҳорати фаъолият бо гурӯҳ, инчунин ҳангоми кор амал намуданро бо назари танқидӣ бояд ба нақша гирад. Тафаккури стратегӣ бояд ба самте равона карда шавад, ки инсон ширкати худро дар оянда чӣ гуна дидан мехоҳад ва сипас барои ноил шудан ба он бояд кӯшиш кунад.
Тафаккури стратегӣ ин маҳорати андешаронии маҷмӯӣ буда, тамоми имкониятҳои дурнамо ва эҳтимолие, ки аксаран дар ҳамон лаҳза барои ширкат иҷронашаванда аст, бояд ба назар гирифта шаванд.
Аз рӯи хусусияташ тафаккури стратегӣ маҷмӯӣ мебошад. Он барои ба даст овардани як қатор малакаҳо талаботи худро дорад:
- Мулоҳизаронии тафаккурӣ – ақидаҳои аслӣ бояд дар амал татбиқ гарданд;
- Ҷиддияти тафаккур – масалан, фаҳмидани ҳама хароҷот ва даромадҳои алтернативӣ бо амалҳои стратегӣ алоқаманд;
- Чандирӣ будани нуқтаи назар дар коркарди маълумот – маҳорати коркарди маълумот «аз боло ба поён» ва «аз поён ба боло» дар якҷояшавии нисбатан муносиб;
- Истифодаи назария барои фаҳмонидани амалия ва истифодаи амалия барои санҷиши назария – маҳорати таҳлили муаммоҳои стратегӣ ва пешгӯии натиҷаҳо;
- Нуқтаи назари мухтасар ба ақида ва маълумотҳо – возеҳ фаҳмидани тарафҳои пурзӯр ва заифи назариявии моделҳои истифодашуда ва баҳодиҳии мунтазами саҳеҳи маълумот дар ҳолати муайян.
Яке аз пешниҳодҳои намунавӣ оид ба тафаккури стратегӣ нисбат ба дигар шаклҳои тафаккур аз тарафи К. Охмае пешниҳод шудааст. Ин пешниҳод дар расми 4.3. тасвир ёфтааст.
«Тафаккури стратегии аслӣ бо механизми анъанавии нуқтаи назари системае, ки ба тафаккури хаттӣ асоснок шудааст, мухолифат дорад. Аксаран бо нуқтаи назари беихтиёрона, ки хулосаҳо бе таҳлили оқилона гузаронида шуда бошанд, низ зиддиятҳо ба миён меоранд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё