Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

меомӯхт, бароишон ҳар гуна афсонаҳо, чистонҳо мебофт, аз дили худ бозиҳои гуногун ихтироъ мекард. Аввалҳо зану шӯ бачаҳошонро дар барак танҳо монда мерафтанд. Лекин Укубала ба ин тоқат карда натавонист, писарчаҳоро ба хона меовардагӣ шуд. Хонаи онҳо гармтар буд, рӯзгорашон ҳам назар ба зиндагонии навомадагон осудатар шуда буд. Ана ҳамин сабаб шудӯ оилаҳо ба ҳам зудтар унс гирифтанд. Охир, худи Едигей ҳам ду духтарча дошт, ки бо писаракони Абӯтолиб ҳамсол буданд.

Абӯтолиб боре пас аз кор барои гирифта рафтани бачаҳояш ба хонаи Едигей омаду чунин гуфт:
— Биё, Едигей, якбора духтарчаҳои туро ҳам дарс диҳам. Ту гумон накун, ки ман аз бекорӣ бачаҳо-катӣ вақт мегузаронам. Онҳо бо ҳамдигар ошно шуданд, якҷоя бозӣ мекунанд. Бигузор рӯзона дар хонаи шумо бошанд, шабҳо дар хонаи мо. Медонӣ, муроди ман чист? Зиндагонӣ дар ин ҷоҳои дур аз мардум берангу камнур аст. Ана аз ҳамин сабаб бачаҳо-катӣ бештар машғул шудан лозим. Замоне фаро мерасад, ки аз кӯдакӣ дониш талаб мекунад. Бачаҳои ҳозира қадашон аз замин нахеста, бояд он қадар дониш андӯхта бошанд, ки бӯзбалаҳои пештара доштанд. Набошад, ба остонаи маълумоту маърифат наздик шуда наметавонанд.

Маънои ҷидду ҷаҳдҳои Абӯтолибро Едигей Бӯронӣ дертар, баъди фаро расидани фалокат дарёфт. Фаҳмид, ки барои Абӯтолиб дар он вазъи ҳамонвақтааш он саъю кӯшишҳо ягона коре буд, ки дар шароити дуроҳаи Бӯронӣ ба хотири фарзандони худ бо қуввату ғайрати худ анҷом дода метавонад. Гӯё вай аз оянда огоҳ буд ва шитоб дошт, ки ба фарзандонаш аз ӯ ҳар чӣ бештар нафъ бирасад. Ва ба ҳамин тариқа гӯё мехост дар хотири онҳо аз худ нақше бигузораду дар зиндагонии онон давоми умри худро дарёбад. Шабҳо Абӯтолиб аз кор бармегашту ҳамроҳи Зарифа барои бачаҳои худашон ва духтаракони Едигей чизе ба монандӣ мактабу боғчаи кӯдакон ташкил мекард. Бачаҳо ҳарфҳоро меомӯхтанд, ҳиҷоҳо месохтанд, бозӣ мекарданд, расм мекашиданду бо ҳамдигар баҳс мекарданд, ки расми кашидан кадомашон беҳтар баромадааст. Гоҳо ба китобхонии Абӯтолибу Зарифа гӯш медоданд ва гоҳо ҳама якҷоя суруд мехонданд. Машғулоти бачаҳо ба андозае шавқовар мегузашт, ки худи Едигей ҳам гоҳ-гоҳ ба он ҷо омада, бо ҳайрат тамошо карда менишаст. Укубала ҳам зудзуд

пешина
аз 293
навбатӣ