Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бӯрониҳо дар аввал гумон доштанд, ки онҳо дар ин ҷо дер нахоҳанд монд, тоб нахоҳанд овард, ба ягон сӯ сарашонро гирифта, хоҳанд рафт. Ба дуроҳаи Бӯрони одамони аз онҳо зӯртар ҳам омада рафтаанд. Тахмини Едигей ҳам, Қазонқоп ҳам ҳамин буд. Бо вуҷуди ин аз рӯзи якум ба оилаи Абӯтолиб муносибати эҳтиромкоронае барқарор шуд. Маълум буд, ки одамони поки баодобанд, фақат корашон барор нагирифтааст.

Зану шавҳар баробари ҳама кор мекарданд. Шпалаҳоро бар дӯш бардошта мекашониданд, дар сармои зимистон барф тоза мекарданд. Хулоса, ҳар коре ки коргари роҳи оҳан бояд кунад, мекарданд. Гуфтан лозим, ки оилаи хуби аҳлу тифоке буд, ҳарчанд, аз он сабаб, ки Абӯтолиб як вақтҳо ба немисҳо асир афтода будааст, ҳоло дар банди мусибат буд. Чунон ба назар мерасид, ки то он замон тафсу тоби солҳои ҷанг то андозае пасанда шуд. Ба асирони ҳарбии собиқ дигар чун ба хоинҳо ва душманон муомила намекарданд. Бӯрониҳо бошанд, дар ин хусус фикру хаёли зиёде ҳам накарданд. Хайр, дар қисматаш будааст, асир афтодааст, ҷанг бо ғалаба анҷом ёфт, дар он шӯру қиемати ҷаҳонӣ ба сари одамон чӣ рӯзҳое наомад. Мана баъзе бадбахтон то имрӯз сарсону саргардон гаштаанд. Осори шуми ҷангрову дар ҳар қадам дидан мумкин... Аз ин сабаб бӯрониҳо навомадагонро чӣ буду чӣ шуд, гуфта чандон пурсуқов накарданд. Бе ин ҳам хеле мусибат кашидаанд. Болои ҷароҳат намаҳ пошидан чӣ лозим?

Бо мурури айём онҳо ба Абӯтолиб номаълум қаробат пайдо карданд. Марди хирадманде буд ӯ. Ба Едигей ҳамин хислаташ маъқул шуд, ки аҳволаш раҳмовар бошад ҳам, сараш ҳам набуд. Рафтораш шоистаи иззат буд, аз тақдираш худда-беҳуда шикоят намекард. Вай, аз афти кор, пай бурда буд, ки тақдираш ҳамин хел будааст ва ба он тан дода буд. Занаш Зарифа низ бо ӯ ҳамроҳӣ буд. Ногузир будани адои ҷазоро ботинан дарк намуда, маънои ҳаёташонро дар ҳассосияту муносибати дилсӯзона ба ҳамдигар медиданд. Чунон ки Едигей сонитар пай бурд, онҳо ба ҳамин тариқат зиндагонӣ мекарданд, тани ҳамдигар ва кӯдаконашонро аз бодҳои шадиди замона бо пайкари худ паноҳ карда, якдигарро пуштибонӣ мекарданд. Хусусан Абӯтолиб меҳрубон буд. Дур аз оилаи худ ягон рӯз тоқат карда наметавонист. Бинои ифтихори вай ҳамин писаронаш буданд. Ҳар як дақиқаи холиро ҳамроҳи онон мегузаронии. Онҳоро савод

пешина
аз 293
навбатӣ