Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
меомад. Ягон чизро баҳона карда меомад, аммо дар воқеъ ҳадафаш ин буд, ки дарсхонии духтарчаяшро бубинад. Едиген Бӯронӣ сахт мутаассир мешуд. Дилаш ба риққат меомад. Ана чӣ хел мешаванд одамони хондагӣ, муаллимон! Аз диданашон дили кас ба ваҷд меояд: бо бачаҳо чӣ гуна устокорона муомила мекунанд, баъзан худашонро ба бачаҳо чунон вонамуд мекунанд, ки бо онон ҳамсинну сол бошанд. Едигей ҳангоми машғулотҳо дар гӯшае халал нарасонида, хомӯш менишаст. Вале агар дер монда бошад, ҳанӯз дар сари остона телпакашро аз сар гирифта мегуфт:
— Шаб ба хайр! Мана шогирди панҷӯматон ҳам ба боғчааш омад.
Ба ҳузури вай бачаҳо низ одат карда буданд. Духтарчаҳо аз хурсандӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Аз таҳти дил мекушиданд, ки ба падари мақбул шаванд. Едигею Укубала бо навбат ба печкаи онҳо алав мемонданд, то хонаи тахтагини барак гармтар ва барои кӯдакон бароҳаттар шавад.
Оре, ба дуроҳаи Бӯронӣ ҳамон сол ана ҳамин гуна як оила омада буд. Аммо аҷобат дар ин, ки кори ин тоифа одамон дарор надорад.
Бадбахтии Абӯтолиб Кутлибоев дар он будааст, ки вай ба немисҳо на фақат асир афтодааст, балки ҳамроҳи як даста асирони ҳарбӣ аз лагери концентрационии Баварияи Ҷанубӣ фирор карда, ё аз ҳусни иттифоқ ё аз шарри тасодуф соли чилу саввум ба сафи партизанҳои Югославия ҳамроҳ шудааст. То охири ҷанг дар қатори аскарони Армияи озодихоҳи Югославия ҷангидааст. Дар ҳамон ҷо маҷрӯҳ шудааст, дар ҳамон ҷо муолиҷааш кардаанд. Бо орденҳои ҷангии Югославия мукофотронидаанд. Дар бораи вай ба рӯзномаҳои партизанӣ мақолаҳо навиштаанд, суратҳояшро чоп кунонидаанд. Вақте ки соли чилу панҷум ба Ватан баргашту корашро дар комиссияи тафтиш ва тасфия дида баромаданд, ҳамон ҳуҷҷатҳо ба ӯ хеле кӯмак карданд. Аз дувоздаҳ нафаре ки аз лагери концентрационӣ гурехта буданд, фақат чор нафарашон зинда монданд. Кори ин чор тан боз аз он ҷиҳат низ омаде дошт, ки комиссияи советии тафтиш бевосита ба мавқеи қисмҳои Армияи озодихоҳи Югославия омад ва командирони югослав дар бораи сифатҳои ҷангӣ ва ахлоқии собиқ асирони ҳарбии советӣ, доир ба ширкати онон дар муборизаи партизании зидди фашистон тавсифномаҳои хаттӣ доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё