Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва маҳз ҷавонмардии конибодомиҳо буд, ки имрўз мо Тоҷикистон дорем.
Дорем вале аз он чанд тоҷики асили конибодомӣ, ки бар мо ин кишварро тўҳфа кардаанд, фаромўш кардаем. Нависед: Шоҳидон, таърихнигорон ва хонандагони оддӣ. Нависед, то таърихи ифтихории миллатро бо ҳам навишта бошем!
«СССР»\29.01.2009
Ин мақола чандин ҷавобҳоро дар пай дошт. Аз ҷумла шоир Алӣ Бобоҷон бо хоҳиши Акбар Турсон ҷавоб навиштанд, ки он солҳо чанд нафарро барои ташкил намудани митинг аз кор хориҷ намуда будаанд. Инчунин аз табори муфти Зокир (р) Саидмухтор Мирзоев дар бораи ҷадди хеш мавод ҷамъ менамояд.

Дирафши Ковиёнӣ куҷо шуд?

Дирафш, дурафш ё дарафш ва феъли дирафшидан ба маънии
дурахшидан, барқ задан ва алвонҷ хӯрдан ҳамреша буда, бо вожаҳои
дур(р)фишону дуррафшон таносуби шаклӣ дорад. Чун аз маъхазҳо
бармеояд, ки дурафши ковиёнӣ ғарқи дурру гуҳар буд, пеши назар
алвонҷ хурдан бо ҳама зебу ороиш ва дурру гуҳараш ҳар ду маъно
ҷилвагар мешавад. Маҷозан «дирафшӣ кардан» маънии худро ангуштнамову машҳур кардан аст.

пешина
аз 161
навбатӣ