33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Хонандаи гиромӣ! Китобе, ки дар даст дорӣ, муаллиф ба он «33 мақола» унвон додааст, зеро ки он 33 мақоларо фаро гирифтааст, вале чаро 30, 35 ё 40 неву маҳз 33 мақола – ин муаммоест, ки калидаш дар дасти Саъдӣ Маҳдист.
Саъдӣ Маҳдӣ аз соли 1996, аз бозе, ки сарварии кафедраи хат ва матни форсии тоҷикӣ (ҳоло кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологи) - ро ба ӯҳда дорам, то имрӯз дар паҳлуи мо дар зинаҳои ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедра фаъолият дорад. Инчунин, алҳол вазифаи масъулиятнок – сардори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ бар дӯши ӯст. Бо вуҷуди ин масруфиятҳо Саъдӣ пайваста дар такопӯ ва ҷустуҷӯст. Ӯ ҳамеша ғарқи фикру андешаҳост. Ботамкин, ором, хирадмандона ва паҳлавонона роҳ мегардаду олимонаву орифона сӯҳбат мекунад.
Инак, маҷмӯаи мақолаҳои Саъдӣ Маҳдӣ маҳсули солҳои гуногун буда, он масъала ва мавзӯъҳои мухталифро дар бар мегирад. Аз рӯи мундариҷаву мӯҳтаво мақолаҳои маҷмӯаро ба мавзӯъҳои илмӣ, илмӣ
– оммавӣ ва оммавӣ гурӯҳбандӣ намудан мувофиқ аст. Ба ҳам омадани мақолаҳои ҳам илмӣ ва ҳам оммавӣ дар як маҷмӯа ва низ дар услуб созиш додани илми мушкилписанд бо публитсистикаи оммафаҳм чун қирони саъд (нек) дар осмони илму матбуот ҳодисаи пазируфтанист. Зеро дер боз аст, ки қисмати зиёди мардум аз илм дур шудаааст ва чунин услуб метавонад оммаро тавассути ВАО як андоза ба андешаҳои илмӣ водор намояд. Оре, ин қирони саъд аст, барои омма!
Дар мақолаҳои илмии муаллиф навгониҳои илмие ба назар мерасад, ки барои илми забоншиносӣ бозёфт ва арзишманданд.
Махсусан, дар мақолаҳои «Имло осон бошад», «Ҳикмати ломалиф», «Гурез аз форсӣ ин гурез аз худ аст», баҳси «Ноб беҳтар аст ё НБО», «Нақши кулоҳ дар ташаккули этнонимҳо» ин чизро метавон мушоҳида намуд.
Чун Саъдӣ Маҳдӣ дар назди қиблагоҳаш таълими хуби дини мубини исломро гирифта ва Қуръони шарифро ба сатҳи ҳасана аз бар намудааст, бинобар ин дар силсиламақолаҳои илмӣ-оммавиаш мунофиқиву риёкорӣ, ҷоҳилӣ ва андешаҳои муғризонаи бархе аз муллову диндорони хурофотпарастро такя ба далелу мадракҳои қотеъ аз китоби Илоҳӣ ва аҳодиси Набавӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дар ин бахш бо мақолаҳои «Далели ақлӣ ё нақлӣ», «Аз ҳукми кофар алҳазар», «Таълими исломӣ ҳатмист ва аз он набояд тарсид», «Ҷамшед, номатро дигар макун» ботил будани андешаҳои бебунёду ғаразноки мутаассибонро собит намудааст.
Саъдӣ, воқеан, соҳибистеъдод ва борикбину нуқтасанҷ аст. Ӯ аз як мавзӯи дар назар беарзиш, яъне аз ҳеҷ чиз ҳар чиз меофарад. Бисёр ҳолатҳоеро шоҳидам, ки роҳравон ва ё ҳангоми ғизохӯрии нисфирӯзӣ ногаҳон ба ягон мавзӯъ ишора мекунад, ки барои мо на ҷолиб менамояду на арзанда. Лекин пагоҳаш он мавзӯъро ба шакли мақола тавре ба қалам дода, пешкаш мекунад, ки ба борикбиниву сухансанҷии ӯ қоил мешавӣ. Лекин бояд ишора кард, ки баъзан дар иншои баъзе мақолаҳои илмӣ ӯ ба шитобкорӣ роҳ медиҳад, ки ин боиси ба миён омадани баъзе баҳсҳои илмӣ низ гардидааст. Албатта, илм бебаҳс намешавад ва ҳақиқат зодаи баҳс аст. Аз ин ҷост, ки Саъдӣ баҳсро дӯст медорад ва пайваста дар баҳсу талошу ҷустуҷӯст ва умед аст, ки ба қуллаҳои баландтари илм мерасад. Дар ин ҷода барои ӯ барору тавфиқ мехоҳем. Омин!
Шаҳбози Кабир мудири кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайри филологии ДМТ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё