Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мардум худашон аз таҳдаштҳо рафта, бо азоб гандум дарёфт мекунанд. Хулас, ба амир вазъиятро дуруст фаҳмонда, дархост пеш меорад, ки аморат андозро аз ин мавзеи сирф тоҷикнишин бардорад. Амир пас аз ин сўҳбат бо муфтӣ Зокир бо амри вежа андози заминро аз навоҳии Сари Хосор бардошта мегардонад. Мардуми Сари Хосор то инқилоб андози замин намесупориданд. Дар замони Шўравӣ ин сирро мардуми Сари Хосор пинҳон медоштанд, то ки муфтиро шахси наздики амир гуфта, осебе ба авлоди Муфтӣ Зокир нарасонанд. Мегўянд аз авлодони ў шахсе бо номи Саидмухтор Мирзоев дар Ҳисор зиндагӣ мекардаасту баъд ба деҳаи Шингидараи Сари Хосор рафта маскуни он ҷо гаштааст.
Воқеан ҳам агар табори ин шахсияти таърихӣ зинда бошанду иттилооти бештаре дар бораи ҷадди худ дар даст доранд, метавонанд , ба редаксияи СССР муроҷеъ шаванд. Мо итминон дорем, ки ба оҳистагӣ ва пайваста таърихи дар ниҳонхонаи ситами таърих мондаи миллати худро бо дасти ҳам менависем.
Ёдаш ба хайр, ки дар он замони амирӣ чунин фарзанди фарзонаи тоҷик аз мардуми хеш пуштибонӣ мекардааст. Дар замони Шўравӣ низ халқи тоҷик чунин фарзандон доштааст, ки дар Маскав манфиатҳои ин миллатро муҳофизат мекардаанд. Чун Бобоҷон Ғафуров, ки бо як парвоз ба Маскав ҷони сад ҳазор нафарро, ки мувофиқи супориши Маскав бояд ҳабсу бадарға мешуданд, халос карда буд. Дар ҳама давру замон чунин фарзандон буданд, ҳастанд ва аз онҳо ёдовар шудану гуфтани қаҳрамонии онҳо барои ояндагон дарси ибрат аст.
Конибодомиҳои Суғд ба мо Тоҷикистон додаанд Бале, халқи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба чунин фарзандон ниёз дорад. Ҷустуҷў кардан, ёфтан ва аз хидматҳои онҳо ба ҷавонони имрўза нақл кардан ҳисси ватандўстиву миллатдўстии онҳоро на танҳо бедор, ки афзун мегардонад. То чанд моҳ пеш на ҳама Давлатмандбий, Ҳомидбеки Мастчоҳиро мешинохтанд. Фикр мекунам, хизматҳои Лоҳутиву Чинор Имомову садҳо дигар тоҷикон ва ғайритоҷиконро, ки баҳри ин миллат хизмат кардаанд, ҳар доим ва тез-тез ба ёд овардану ба ҷавонон гуфтан вазифаи на танҳо публитсистика, балки ҳар нафари огоҳ аст. Мегўянд, дар баргардонидани уезди Хуҷанд ба Тоҷикистон хизмати як нафар қирғиз бузург аст. Онро ба ёд овардан бар дўстии миёни ин ду халқ меафзояд. Ё дар ибтидои Ҳукумати Советӣ ягона халқе, ки зидди ўзбакикунонии саросари Бухоро баромаданд, ин яҳудиёни Бухоро буданд, ки бо забони тоҷикӣ гап мезаданд ва дифоъ аз забони тоҷикӣ мекарданд. Ё худ кам касе медонад, ки Конибодомиҳо поезди Калининро манъ фармуда, тазоҳурот кардаву талаб карданд, ки Республикаи Автономии Тоҷикистон бунёд ёбад.

пешина
аз 161
навбатӣ