Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз байни ҳашт нафар фарзандони дуредгари машҳур танҳо як нафар Умар касби падарро зинда медорад.
Махдуми Исмон чандин китобҳои аз асри нуздаҳ боқимондаи падарашро нигоҳ дошта, онҳоро мутолиа мекарданд. Ин китобҳо ба мисли «Тафсири ҳусаинӣ», «Таърихи Самарқанд» ё «Мусаммо ба қандия», «Меъроҷуннубуват», «Комилуттаъбир»-и Абулфазл Ҳубайши Тифлисӣ, «Тазкиратулавлиё»-и Аттор, девони Ҳофизу «Гулистон»-и Саъдӣ дар дасти фарзандон чун муқаддасот ҳифз мешаванд.
«Меъроҷуннубуват фи мадориҷулфутуват», ки аз тарафи Мулло Муини Кошифӣ (р) ном шахс дар матбааи Бухоро нашр шудааст. Он аз дебочаи калон (172 саҳифа) ва чор рукн ва хулоса иборат аст. Рукни аввал аз ҳашт боб иборат аст.
Боби 1. Дар баёниэҷоди нури он сарвар (с).
Боби 2. Дар халқи Одам (с).
Боби 3. Дар баёни валодати Шис (с).
Боби 4. Дар зикри аҳволи Идрис (с).
Боби 5. Дар зикри Нўҳ (с).
Боби 6. Дар баёни Ҳуд (с).
Боби 7. Дар баёни аҳволи Иброҳим (с).
Боби 8. Дар зикри Абдулмуталиб ва Абдуллоҳ падари ҳазрати расулуллоҳ (с).
Ҳамин тавр ҳар рукн аз бобу фаслҳо иборатанд. Се рукни боқимонда пурра ба ҳаёту зиндагонӣ ва ба меъроҷ рафтани ҳазрати Муҳаммад (с) бахшида шудааст. Китоби «Меъроҷуннубуват» дар баробари қиссаҳои пағамбарон саросар бо панду андарзҳо ва ашъори дилпазир оро ёфта, воқеан як асари хонданӣ ва шавқовар мебошад.
Чунин китобҳо дар хонадони қариб ҳар як тоҷик вуҷуд дошта, он мероси хонаводагӣ ва ганҷинаи халқамон маҳсуб мешаванд. Ёфтану хондану пешкаши хонандагон гардонидани онҳо вазифаи фарзандон мебошад. Ба онҳо гуфтаниям, ки китобҳоро дар сандуқҳо аз назарҳо пинҳон надоред, балки пешкаши умум гардонед, то хонанду аз онҳо баҳравар гарданд ва бошад, ки рўҳи падарону аҷдоди бузурги хешро шод карда бошед. Ба шумо тавфиқ мехоҳам!
«СССР»\6.08.2009

пешина
аз 161
навбатӣ