33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Яъне: «Ҳар оина нафаси Раҳмон аз ҷониби Яман дармеёбам». Ва матлаи машҳури Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» сарчашма аз ҳамин ҳадис дорад.
Ҳамин тариқ суфӣ пас аз иҷрои ду зинаи тасаввуф – шариат ва тариқат ва пас аз кашфи мароҳил дар Ӯ фано мешавад, то ки бақо ёбад. Ана ҳамин фано шудан дар ӯ, яъне пайвастан бо Ҳақ ва бақо ёфтан биҳишти нақди суфӣ аст, ки онро зинаи сеюм ва зинаи охир – маърифат гуфтаанд.
«Ба қуллаҳои дониш»/30.04.2011
«Меъроҷуннубуват» асари бузурги илмӣ ва таърихӣ
Рўзи ҷумъаи гузашта 17-уми июли соли 2009 махдуми Исмон ибни Домулло Муҳаммадалии Қалъанакӣ сокини деҳаи Сиёви хоҷагии ба номи Зарифови ноҳияи Кўлоб дар синни мубораки 75-солагӣ олами фониро падруд гуфтанд. Эшон ниҳоят шахси ботақво, соҳибҳол ва меҳнаткаш буданд. Дар масҷиди кўчаи Чармгарони Поёни шаҳри Кўлоб пешнамози ҷумъа шуданд. Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода дар бораи марҳум ва аҳкоми дини ислом вазъ гуфта, мардумро ба корҳои неку шоиста ва хислатҳоии ҳамида даъват намуданд.
Марҳум Махдуми Исмон дар тамоми ҳаёти хеш ба дуредгарӣ машғул буданд, аз пушти касби пок нони ҳалол баҳри маишати фарзандон муҳайё менамуданд. Дару тиреза ва сутунҳои наққошишудаи он кас машҳур дар атрофу акноф буд. Падари он кас Домуллои Қалъанак низ гарчанде хатмкардаи мадрасаи Бухорои Шариф бошанд ҳам, аз касби деҳқонӣ оилаи хешро таъмин менамуданд.
Махдуми Исмон дар деҳаи Сиёви ҷамоати Кўлоб бо ёрии ҷавонмардони ин деҳа масҷиде бо номи масҷиди Заргар сохтанд.
Нақшу нигор ва сутуну болопўши масҷид маҳсули дасти Махдуми Исмон мебошад.
Яке аз корҳои неку шоистаи дигари Махдуми Исмон ин буд, ки он кас дар зодгоҳи падараш деҳаи Қалъанаки Сари Хосор ба сохтмони хона ва иморати қадимаи болои чашмаи Қалъанак машғул буданд.
Азбаски махдум щахси меҳнатӣ ва он қадар доранда набуд, қарор дод бо меҳнати дасти худ ҳар сол андак-андак маблағ ғундошта, ватани бобоиро, ки дар замони сталинӣ ба вайрона мубаддал гашта буд, ҳамроҳ бо фарзандон обод намояд. Вале афсўс, ки сохтмон нотамом монд. Умед аст, ки фарзандон ин кори неки падарро ба анҷом мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё