Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шакли пурраи ғазал дар девони тартибдодаи Нодир Шанбезода ба чашм нахӯрд. Аммо дар девони Ҳофиз, ки соли 1907 дар Ҳиндустон чоп шудааст, шакли комили он (16 байт) дарёфт шуд. Шакли пурраи ғазали Ҳофиз чунин аст:
Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам, Мӯҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам.
Чун сабо маҷмӯаи гулро ба оби лутф шуст, Каҷдилам хон, гар назар бар сафҳаи дафтар кунам.
Лола соғаргиру наргис масту бар ман номи фисқ, Доварӣ дорам басе, ё раб, киро довар кунам.
Ишқ дурдонасту ман ғаввосу дарё майкада, Сар фурӯ бурдам дар он ҷо, то куҷо сар бар кунам.
Гарчи гардолуди фақрам, шарм бод аз ҳимматам, Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.
Ман ки дорам дар гадоӣ ганҷи султонӣ ба даст, Кай тамаъ дар гардиши гардуни дунпарвар кунам.
Ошиқонро гар дар оташ меписандад лутфи дӯст, Тангчашмам, гар назар бар чашмаи кавсар кунам.
Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор, Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам.
Боз каш як дам инон, эй турки шаҳрошӯби ман, То зи ашки чеҳра роҳат пурзару гавҳар кунам.
Бо вуҷуди бенавоӣ рӯ сияҳ бодам чу моҳ, Гар қабули файзи хуршеди баландахтар кунам.
Ман ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад, Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам.
Шеваи риндӣ на лоиқ буд васфамро, вале Чун дарафтодам, чаро андешаи дигар кунам?
Дӯш лаълат ишваҳо медод ошиқро, вале Ман на онам, к-аз вай ин афсонаҳо бовар кунам.
Гӯшаи абрӯи меҳроби ту мехоҳам зи бахт, То дар он ҷо ҳамчу Маҷнун дарси ишқ азбар кунам.
Вақти гул гӯӣ, ки зоҳид шав, ба чашму ҷону дил, Меравам, то машварат бо шоҳиду соғар кунам.
Зӯҳд вақти гул чӣ савдоест, Ҳофиз, гӯш дор, То «аъузе» хонаму андешаи дигар кунам.

пешина
аз 161
навбатӣ