33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар (с.27).
Санъати талмеҳ яке аз санъатҳои машҳури шеъри тоҷикӣ ба шумор меравад. Тавассути он шоир кўшиш мекунад, бо овардани номи қаҳрамони машҳури таърихию афсонавӣ фикри худро равшантару ҷолибтар ба хонанда расонад.
Шеъри боло низ бо санъати талмеҳ оро ёфтааст. Бояд гуфт, ки шеъри мазкур аз тарафи касе таҳлили пурра наёфтааст. Аз ин рў, мо мақсад гузоштаем, кўшиш кунем онро мавриди таҳлил қарор диҳем.
Ин шеър ё қитъаи хурд аз ду қисм иборат аст. Қисми якумро метавон қиссаи ҳазрати Юсуф номид. Байти аввал:
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат, Се пироҳан салаб будаст Юсуфро ба умр андар.
Ба гуфти шоир, Юсуф (а) писари Яъқуби пайғамбар (а) дар зиндагӣ ҳангоми азобу роҳат се пироҳан салаб (пушок, либос) дошт.
Аз оҳанги байт маълум аст, ки шоир ин се пироҳанро шарҳ додан мехоҳад. Байти дуввум:
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тўҳмат, Савум Яъқубро аз бўш равшан гашт чашми тар.
Пироҳани якуми Юсуф (а): Бародарон Юсуфи шашсоларо бо макру ҳилла аз пеши падар бурданд, куртаи ўро аз танаш кашида пур аз хун намуданд ва худи ўро дар чоҳ андохтанд. Пироҳани хунолудро пеши падар оварда гуфтанд, ки Юсуфро гург хўрдааст. Шоир « яке аз кайд шуд пурхун» гуфта ҳамин кайду макри бародаронро дар назар дорад.
Пироҳани дуюми Юсуф (а): ҳангоме, ки тоҷирон Юсуфро аз чоҳ гирифта ба Миср оварданду ба Зулайхо фурўхтанд. Зулайхо ҳафт хонаи дохили якдигар сохт ва хонаи ҳафтумро ороста дар чаҳор тарафи он сурати худу Юсуфро кашид, ки бо якдигар ишрат доранд.
Ва Юсуфро ба хонаи ҳафтум бурд ва дарҳоро бубаст. Вақте Юсуф аз нияти Зулайхо огоҳ шуд, бигурехт ва Зулайхо аз дунболи вай медавид, то ин ки ба дари охир расид. Зулайхо даст андохт, ки Юсуфро бигирад, дасташ ба пироҳани Юсуф расид ва он дарид.
Шавҳари Зулайхо (Азизи Миср) аз воқеа огоҳ шуд. Зулайхо ба Юсуф тўҳмат зад, ки ў ба ман дастдарозӣ намудан мехост ва ман пероҳанашро даридам. Кўдаки гаҳвора ба сухан омад, ки агар пироҳан аз пеш даридааст, гуноҳи Юсуф аст ва агар аз пас дарида бошад, Зулайхо Юсуфро тўҳмат мекунад. «Дувум шуд чок аз тўҳмат»
гуфта, шоир ҳамин воқеаро дар назар дорад.
Пироҳани саввуми Юсуф (а): Ҳангоме, ки Юсуф подшоҳи Миср шуд, падари ў Яъқуб аз фироқи Юсуф Байтулэҳзон (хонаи ғам) сохта буду, шабу рўз менолид, то ба ҳадде ки чашмонаш нобино шуданд.
Юсуф пироҳани худро бо дасти ғуломаш Башир ба Канъон фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё