33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Кӣ медонад, шояд дар он байн куллиёти Рўдакӣ ва ё достони дигари ў сўхта нобуд шуда бошад.
Имрўз аз он шумори Рашидӣ, ки ғолибан 1 миллиону 300 ҳазорро ташкил медод, миқдори камтар аз ҳазор байт аз осори Рўдакӣ тавассути тазкираҳо то замони мо омада расидаасту халос.
Алҳол мо далеле дар даст надорем, ки Рўдакӣ достони «Юсуф ва Зулайхо» навиштааст ё не. Вале аз он абёти пароканда, ки дар даст дорем, маълум мешавад, ки Рўдакӣ на танҳо аз сужаи достон пурра огоҳ буд, балки онро аз дилу ҷон дўст доштаву ҳаёти худро бо лаҳаззоти мушаххас аз достон ташбеҳ кардааст.
Дар ин ашъори боқимонда 3 маротиба дар 12 мисраъ шоир аз Юсуф, Зулайхо, Яъқуб ва дигар воқеаҳои ин қиссаи осмонӣ ёдрас шудааст.
Нахуст, дар байте шоир қиссаи ба чоҳ партофтани бародарон Юсуфро ва ба имдоди ў чун барқ аз Арш даррасидани Ҷабраил (ъ) ва беосеб ба ҳукми Худо ба зери чоҳ расонидани ўро чун киноя истифода мекунад:
Симоу бодаи гулгуну лўъбатони чу моҳ, Агар фаришта бубинад, даруфтад дар чоҳ.
(Рўдакӣ. Душанбе: Ирфон – 1974, с. 32).
Дуввум, дар рубоие шоир истифода аз санъатҳои талмеҳ ва ташбеҳ, мавриди аз ҳусни рўзафзуни Юсуф моту мабҳут ба ҷои турунҷ дастони худро буридани занони Миср ёдовар шуда, бо як маҳорати беандоза дили худро ба ин дастони бурида монанд мекунад:
Юсуфрўе, к-аз ў фиғон кард дилам, Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бўса меҳрубон кард дилам.
Имрўз нишонаи ғамон кард дилам (с. 50).
Шарҳи се пироҳани Юсуф андар аҳволи Рўдакӣ
Мавриди саввум, шоир дар қитъае иборат аз 6 мисраъ қариб тамоми сужаи достонро пеши рў меорад. Ба таври дигар, барои таҳлили комили ин қитъа таҳлилгар маҷбур аст, достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро пурра нақл кунад. Яъне ин қитъаи хурд як достони бузургро дар худ гунҷонидааст, ки ин маҳорати шоир ҳар шахси огоҳро ба ҳайрат меорад. Инак он қитъа:
Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат, Се пироҳан салаб будааст Юсуфро ба умр андар.
Яке аз кайд шуд пурхун, дуввум шуд чок аз тўҳмат, Савум Яъқубро аз бўш равшан гашт чашми тар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё